Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Украина ба кӯдакон чӣ таъсир дорад? ВИДЕО


Ҷанг дар Украина ба равони кӯдакон бетаъсир набудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Ҷанг дар Украина ба равони кӯдакон бетаъсир набудааст

Моҳи дуввум аст, ки ҷанг дар Украина идома дорад ва телевизиону шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста дар бораи ин муноқиша хабар медиҳанду наворҳои ваҳшатноку ташвишоварро намоиш медиҳанд.

Равоншиносон таъсири ин вазъ ба равони кӯдаконро ташвишовар мехонанд.

Изтироби шадид, асабоният, беиштиҳо ва бехоб шуданро аз нишонаҳои таъсири ҷанг ба равони кӯдакон медонанд. Равоншиносон ҳушдор медиҳанд, ки ҳамлаи Русия ба Украина метавонад ба равони кӯдакон таъсиру паёмадҳои ногувор дошта бошад. Новобаста ба он, ки онҳо дар маҳали ҷанг қарор доранд ва ё дар як гӯшаи дигари дунё, мушоҳидаи саҳнаҳои ҷангӣ ва ташвиши калонсолон ба руҳияи онҳо осеби ҷиддӣ мерасонидааст.

Ҷефрӣ Шаҳидулло, равоншиноси кӯдакон гуфт: “Мо бештар барои кӯдакони хурдсол дар ташвишем. Зеро барои кӯдакон дар сину соли хурд воқеан байни он чизе, ки дар ҷойҳои дигари ҷаҳон бо кӯдакони дигар рух медиҳад ва вазъе, ки худи онҳо қарор доранд, фарқ гузоштан мушкил аст.”

Равоншиносон таъкид мекунанд, ки новобаста ба сину соли кӯдакон суҳбат бо онҳо дар бораи ҷанг муҳим аст. “Ман фикр мекунам, волидон бояд донанд, ки кӯдакон ин маълумотро дарёфт мекунанд, аммо мо бояд бовари ҳосил кунем, ки оё ӯ ин маълумотро дарк ё ҳазм карда метавонад? Ва агар ин иттилоъ аз сӯйи волидон носанҷидаву болотар аз сатҳи рушди зеҳнии кӯдак бошад, метавонад боис ба тағири табъу руҳ ва рафтори вай шавад. Кӯдак метавонад нороҳату хашмгин шавад ва иштиҳову хобаш ҳам тағйир кунад”,--меафзояд Ҷефри Шаҳидулло, равоншиноси кӯдакон.

Татяна Батлер, шаҳрванди украина тайи 13 соли ахир ҳамроҳ бо хонаводааш дар Амрико зиндагӣ мекунад. Аммо волидон ва бародарону хоҳарони ӯ дар Украина мондаанд. Аз оғози ҷанг дар Украина ӯ кӯшиш дорад, ба суоли фарзандонаш дар бораи инки чаро дар Украина одамонро мекушанд, посух бигӯяд. “Онҳо дарк карда наметавонанд, ки чаро бибиву бобояшон дар таҳхона пинҳон шудаанд. Чаро мо дар хабарҳо, хонаҳои валангоршуда ва мошинҳои сухтаро мебинем. Барои ман ҳамчун модар хеле дардовар аст, ки кӯдакони ман чунин саҳнаҳоро мебинанд. Вале мо бояд ба онҳо нишон дииҳем, ки чӣ воқеа рух дода истодааст”,--гуфт ӯ.

Ин вазъият ба хонаводаи Татяна имкон медиҳад, ки ба кӯдакон кӯмак ба ниёзмандонро омӯзанд. Барои мисол, Виталий писари 10 солаи Татяна, дар як расм ҷанг дар Украинаро маҳкум карда, бо ҳамин тасвир ҳамроҳ бо волидон ва бародараш дар намоиши эътирозие дар Вашингтон ширкат кард. “Вақте ман дар хабарҳо мебинам, ки низомиёни рус ба одамони осоишта ҳамла мекунанд, хашмгин мешавам. Мо сулҳро мехоҳем. Ҷанг ва зӯроварӣ даркор нест”,-- мегӯяд, Виталий писари Татяна.

Нина Дэвис, шаҳрванди Русия ҳам, ки дар Ню Ҷерсӣ зиндагӣ дорад, дар бораи ҷанг суҳбат кардан бо писари 15 солаашро зарур медонад. “Барои ман муҳим аст, ки бидонам ӯ аз ин вазъ шарм намедорад. Зеро на ман ва на ӯ гунаҳкор нестем. На ҳама мардуми рус бад аст”,--гуфт ӯ.

Суҳбат ва дастгирӣ аз кӯдаконе, ки дар маҳали амалиётҳои низомӣ қарор доранд, муҳим аст. Онҳо саҳнаҳоеро мебинанд, ки ҳеҷ гоҳ кӯдаке дар дунё набояд бубинад.

“Хатари ин вазъ ба ҳолати руҳӣ ва рафтори кӯдак метавонад хеле бад бошад. Мо чӣ тавр метавонем кумак кунем? Доштани ҳонаводае, ки туро дӯст медоранд, меҳрубону пуштибон ва волидони ғамхор, ки кӯдакро дастгирӣ кунанду дар баробари ҳама тағйироту номуайяниҳо ҳолатро то ҳадди имкон муайяну пешгуӣ кунанд. Ин беҳтарин роҳи ҳал аст”,--мегӯяд, Ҷефри Шаҳидулло, равоншиноси кӯдакон.

Вале қабл аз ҳама, ба таъкиди равоншиносон, волидон бояд батакрор ба худ ва фарзандон бигӯянд, ки ин ҷанг абадӣ нест ва ҳатман поён меёбад.

XS
SM
MD
LG