Дар вилояти Бодканди Қирғизистон ба тақсими хонаҳое сар кардаанд, ки ҳангоми таъйин ва нишонагузории сарҳад аз Тоҷикистон ба тарафи Қирғизистон гузаштааст.
Сухан дар бораи 213 манзил меравад. Аммо хонаҳои собиқи шаҳрвандони Тоҷикистонро танҳо ба мардуме медиҳанд, ки қаблан дар як ҳавлӣ ду хона доштанд ва дар задухӯрдҳои марзӣ дар солҳои 2021 ва 2022 аз даст доданд.
Асанбек Байдиев
Асанбек Байдиев яке аз онҳост. Ӯ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳукумати Қирғизистон ба мо як хона сохта дод. Ҳоло дар он зиндагӣ мекунем. Барои ҷуброни хонаи дуюм ин манзилҳоро медиҳанд. Дар ҳавлии пешина ман ду хона доштам ва бо панҷ фарзанду падару модарам, ҳамагӣ нӯҳ нафар, зиндагӣ мекардем. Ҳоло, дар ин ҷо низ, ҳамин хел."
Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳо бар сари таъйини хати марз ва тақсими об баҳсу даъвову задухӯрд доштанд. Дар ин ҳодисаҳо даҳҳо кас аз ду тараф куштаву захмӣ ва садҳо хона вайрон шудааст. Ин ҷанҷол соли 2025 бо имзои созишномае ба поён расид. Бар асоси он, ҳангоми таъйину нишонагузории хати сарҳад, ду тараф розӣ шуданд, ки баъзе аз маҳалҳои аҳолинишин ва хонаву иншооти иҷтимоиро бо якдигар табодул ё иваз кунанд.
Инро ҳам бинед:
"Ё пул диҳанд, ё худашон созанд." Сокинони Хоҷаи Аъло чӣ доданд ва чӣ гирифтанд?Тақсими беш аз дусад хонае, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон гузаштааст, дар ноҳияи Бодканд бо иштироки як гурӯҳи кории вижа ва сокинон баргузор ва шудааст. Акнун ҳамин кор дар ноҳияи Лайлак идома хоҳад ёфт. Ин минтақаҳо бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарзанд.
Бактибек Токсонбоев, муовини раиси вилояти Бодканд, мегӯяд, "мардумро ҷамъ карда, ин корро шаффоф анҷом додем. Тибқи рӯйхат танҳо ба ҳамон шаҳрвандоне хона додем, ки комиссия муайян карда буд."
Ин хона ҳангоми табодул аз Тоҷикистон ба ҳисоби Қирғизистон гузаштааст
Азбаски вазъу ҳолати хонаҳо гуногун аст, мақомоти Қирғизистон ба сокинон барои иваз кардани онҳо фурсат додаанд. Дар ҳоли ҳозир шаҳрвандон бо рақамҳое, ки ҳангоми қуръакашӣ насибашон гаштааст, манзилҳои нави худро мебинанду месанҷанд ва сипас тасмим мегиранд, ки дар он ба зиндагӣ идома диҳанд ё дигар кунанд.
Муовини раиси вилояти Бодканд гуфт, “вазъи хонаҳое, ки аз ҷониби Тоҷикистон гирифта шуд, дар умум миёна аст. Мардум ҳоло хонаҳоро мебинанд. Дар ин ҳафта каме имконият медиҳем. Масалан, дар Сомониён ва Қӯрғонча мардум имкон доранд, ки бо забонхат хонаҳоро бо якдигар иваз кунанд.”
Интизор меравад, аз ҳафтаи оянда сабтином ва тақдими ҳуҷҷатҳо ба соҳибони нави хонаҳо дар вилояти Бодканди Қирғизистон шуруъ шавад. Бо ҳамин, ба масъалаи кӯчондани мардум ва тақсими хонаҳое, ки дар ҷанҷолҳои марзӣ дар ин кишвар осеб дидаанд, нуқта гузошта хоҳад шуд.
Тоҷикистону Қирғизистон 1008 километр марзи муштарак доранд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Тоҷикистон ҳангоми мушаххас кардани хати сарҳад аз ин кишвар беш аз дусад хона гирифт. 179 манзил аз ноҳияи Бодканд ва 74 хона аз ноҳияи Лайлак.
Намояндагони ҳукумати Исфара қаблан гуфта буданд, ки аз вилояти Бодканди Қирғизистон манзилу иншооти зиёде ба ихтиёри шаҳр гузаштаасту таъмини мардум бо манзил душворӣ надорад. Аммо баъзе аз сокинони як деҳаи марзӣ дар Исфара дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао доштанд, ки тақсими молу мулки табодулшуда бо Қирғизистон одилона сурат нагирифтааст, чун мегӯянд, дар ивази хонаву дари худ бо ҷойи зисти муносиб таъмин нагаштанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тақсими хонаҳо дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон