Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, "CNPC" ё ширкати миллии нафту гази Чин, натиҷаи корҳои саҳроии худро дар Тоҷикистон ҷамъбаст мекунад. Ин ширкати чинӣ дар чанд минтақаи вилояти Хатлон нафту газ меҷӯяд.
Намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об 10-уми июл гуфтанд, дар нимаи аввали имсол ҳамкорӣ бо ин ширкати чинӣ "дар самти ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ ва кашфи конҳои нафту газ идома дода шуд."
Мақомот бидуни овардани ҷузъиёти бештар гуфтанд, "ширкат ба ҷамъбасти натиҷаҳои корҳои саҳроӣ ва интерпретатсия (таҳлили маълумот) машғул мебошад".
Пештар намояндагони Идораи геологияи Тоҷикистон гуфта буданд, ба ширкати CNPC парвона ё иҷозаномаи кор то соли 2033 дода шудааст. Бар асоси ин санад, ширкат ҳақ дорад дар 57 майдон дар ҷануб-ғарби Тоҷикистон нафту газ ҷустуҷӯ кунад.
Тибқи омори Саридораи геология, дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна захираи нафт ва 3,4 миллиард метри мукааб газ муайян шудааст.
Талошҳо барои пайдо ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистон камҳосил будаанд. Аз ҷумла, ширкатҳои "Газпромнефт", "Total" ва "Тетрис Петролиум" талош карданд, ки дар Тоҷикистон нафту газ истихроҷ кунанд, аммо дертар аз кишвар рафтанд.