Талаби то 17 сол зиндон ба панҷ милисаи муттаҳам ба шиканҷа

Tajik police

Додситони ҳарбӣ ба панҷ милисаи гумонзад ба шиканҷа дар шаҳри Душанбе аз 5 то 17 сол зиндон талаб кардааст. Ҳамаи онҳо кормандони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино буда, дар марги боздоштшуда Мақсудҷон Саидов гумонзад ҳастанд.

Як манбаи огоҳ аз қазия бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 30-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "талаби додситон ҳафтаи гузашта дар мурофиаи додгоҳӣ садо дод." Мақомот ягон шарҳ намедиҳанд. Мавқеи гумонзадҳо низ маълум нест.

"Додситон нисбат ба он маъмурони милиса, ки ба қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ ва ҳам баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ айбдор ҳастанд, 17-солӣ талаб кард," – гуфт манбаи Радиои Озодӣ.

Вай афзуд, "ба онҳое, ки танҳо барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гумонзад ҳастанд, 8-солӣ ва нисбат ба як нафар, Рустам Ёдгорзода, 5 сол зиндон талаб карда шуд."

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, аз шаш милисаи гумонзад ҳоло панҷ нафар дар мурофиа ҳузур дошта, дар куҷо будани як тани дигар дақиқ нест. Мурофиа дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Ин гурӯҳ аз кормандони умури дохилии ноҳияи Синоро дар пайванд ба марги Мақсудҷон Саидови 36-сола аз Кӯлоб муҳокима мекунанд. Вай 8-уми январи имсол бо гумони паҳн ва фурӯши "кристал", як навъ маводи мухаддир, дастгир, вале дертар дар шароити мармуз даргузашт. Мақомот пайкари Мақсудҷонро ба хонаводааш дода, хостаанд, ки зуд ӯро дафн кунанд.

Наздикони Мақсудҷон Саидов пештар аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Чанде аз дӯстони ӯ дар суҳбати телефонӣ гуфта буданд, ки дар баданаш осори шиканҷа дида мешуд ва ангуштони пою дасташ сӯхта буданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

СММ аз гузоришҳо дар бораи шиканҷа дар Тоҷикистон нигарон аст

Истифода аз шиканҷа барои ҳосил кардани эътирофи "гуноҳ" дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад. Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал аввали моҳи майи имсол аз "гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷа, бахусус аз тарафи афсарони милиса ва афсарони идораҳои амниятӣ дар боздоштгоҳ ва зимни бозпурсиҳо" изҳори нигаронӣ кард.

Кумитаи Созмони Милал барои маҳви шиканҷа гуфт, ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон барои бадрафториву шиканҷа ҷазои сахт таъйин шудааст, иҷрои он камтар ба назар мерасад ва теъдоди онҳое, ки барои шиканҷаи зиндонӣ ё боздоштшудае ҷазо гирифтаанд, бисёр кам аст.

Ба иттилои Вазорати адлия, аз соли 2018 то соли 2025 танҳо сездаҳ нафар барои шиканҷа ҷазо гирифтаанд, агарчӣ шикоятҳои расмӣ аз рафтори тарафи маъмурони амниятиву интизомӣ аз 100 адад ҳам зиёдтар будааст.