"Солгарди ғамангез". Талаби дигарбораи RSF аз Тоҷикистон

Рухшона Ҳакимова

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF), қароргоҳаш дар Фаронса, аз мақоомти Тоҷикистон талаб кардааст, ки хабарнигори зиндонӣ Рухшона Ҳакимоваро фаврӣ ва бе ягон шарт озод кунанд.

Изҳороти созмон рӯзи 5-уми феврал дар саҳифааш дар Телеграм нашр шуд. Дар солгарди эълони ҳукми Рухшона Ҳакимова. Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро панҷуми феврали 2025 ба ҳашт сол зиндон маҳкум кард, аммо на худаш ва наздиконаш онро напазируфтанд.

“Имрӯз солгарди ғамангези эълони ҳукм алайҳи рӯзноманигори мустақил Рухшона Ҳакимова дар Тоҷикистон аст,” – навишт Гузоришгарони Бидуни Марз. Ӯро бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” маҳкум карданд, вале ба навиштаи созмони муътабари ҳомии хабарнигорон, “ягона гуноҳи Рухшона мусоҳиба дар бораи нуфуз ва таъсири Чин дар Тоҷикистон аст.”

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) бори дигар ҳукми Рухшона Ҳакимоваро “худсарона” хонда, шадидан маҳкум кард.

Рухшона Ҳакимова 32-сола аст ва хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Корро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз кардааст. Корманди нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” буд.

Матолиби таҳлилияш дар сомонаҳои “Кабар Азия” ва “Фактчек.тҷ” низ нашр шудаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон аст.

Дар бештар аз се соли охир даҳ рӯзноманигору блогери тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Аҳмади Иброҳим ва Рухшона Ҳакимова – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд.

Ҳарчанд мақомот ба дурустии ҳукм пофишорӣ доранд, хабарнигорони зиндонӣ дар нома ё суҳбат бо наздикон аз шиканҷа ва фишори афзун барои эътирофи гуноҳ шикоят кардаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ борҳо хостори бозбинии парвандаҳо ва озодии рӯзноманигорон шуданд.