Интизор меравад, ҳавои Тоҷикистон чанд рӯзи дигар тағйирёбанда боқӣ бимонад, аммо шурӯъ аз аввалҳои моҳи март ҳарорати ҳаво рӯ ба гармӣ хоҳад овард.
Баъд аз гармии чандрӯза дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар аксар ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе барф борид, ки ҳатто боиси тағйир ёфтани ҷадвали парвозҳо дар фурудгоҳ шуд.
Ҳарчанд барфи ахир як қисми вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе ва вилояти Суғдро дубора зери кӯрпаи худ қарор дод, вале бо аз нав гарм шудани ҳаво дар аксар минтақаҳо аз барфи дирӯзаасари хеле каме мондааст.
Маркази обуҳавосанҷӣ мегӯяд, ки шабонарӯзи наздик дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо фуромадани туман дар назар дошта шудааст.
Ҷамила Байдуллоева, масъули Муассисаи давлатии обуҳавосанҷӣ рӯзи 24-уми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки шабонарӯзи наздик ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон шабона аз 2 то 3 дараҷа хунук ва рӯзона 5 – 10 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳои ин вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, эҳтимоли бориши барфи кам дар назар дошта шудааст. Дар водиҳои ин вилоят шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад.
Аммо дар манотиқи кӯҳии вилояти Суғд шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабонарӯзи наздик ҳавои тағйирёбанда ва дар водиҳо бебориш пешгӯи карда мешавад. Аммо дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ бориши барф дар назар аст.
Ҳаво дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои куҳистон шабона то 8 дараҷа хунук ва рӯзона то 4 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Шабонарӯзи оянда дар вилояти Бадахшон ҳавои абрӣ ва бориши барфи на он қадар пуршиддат дар назар дошта шудааст. Дар ғарби Бадахшон ҳаво шабона то 5 дараҷа сард ва рӯзона то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар қисмати шарқии Бадахшон шабона 13 - 18 дараҷа ва рӯзона то 6 дараҷа сард боқӣ мемонад.
Шабонарӯзи оянда дар шаҳри Душанбе ҳавои бетағйир дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе шабонарӯзи оянда шабона 0-2 ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.
Аммо аз 26 то 27-уми феврал дар баъзе ноҳияҳо ҳавои номусоид буда, эҳтимоли боришҳои пай дар пайи борон дар назар аст. Хусусан дар доманакӯҳҳо ва манотиқи кӯҳии кишвар чунин вазъи обу ҳаво пешгӯи карда мешавад. Дар водиҳо дар рӯзҳои 26 ва 27 феврал борони кӯтоҳмуддат дар охирҳои рӯз пешбинӣ мешавад.
Ҳамин тариқ ба гуфтаи мутахассисони маркази обуҳавосанҷӣ аз 28-уми то 3-юми март дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда буда, ҳарорати ҳаво баланд мешавад. Хусусан дар ноҳияиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияиҳои тобеи ҷумҳурӣ эҳтимол аст ҳарорати ҳаво рӯзона то 12- 17 дараҷа гарм шавад. Дар манотиқи кӯҳӣ рӯзҳои 28-уми феврал дар назар аст то 8 дараҷа гарм шавад.
Рӯзҳои 28-уми феврал то 1-3 март дар баландкӯҳҳои Бадахшон гарчанде шабона 18-20 дараҷа хунук ва рӯзона то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 26-27-уми феврал эҳтимол аст, ки боронҳои кӯтоҳмуддат борад, аммо аз 28 феврал то 3-юми март дар Душанбе ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво рӯзҳои 28-уми феврал то 3-юми март дар шаҳри Душанбе шабона то 4 ва рӯзона то 14 дараҷа гарм мешавад.