Оғози таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон. Э.Раҳмон таътили тӯлониро кори дуруст номид. АКС

Ҳангоми кушодани мактаби нав дар Душанбе. 17-уми августи 2020

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, эълони таътил дар мактабҳо дар моҳи апрел имкон дод, ки аз сирояти васеи коронавируси нав дар байни муҳассилон ва омӯзгорон пешгирӣ шавад.

Рӯзи 17-уми август ҳангоми суханронӣ дар мактаби рақами 102 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, қатъи дарсҳо дар рӯзи 27-уми апрел табдири дуруст буд. Бино ба навиштаи хадамоти матбуотии президент, ӯ гуфтааст: "Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чунин тадбир, яъне таътили тӯлонӣ мо тавонистем, ки саломатии наврасону ҷавонон ва устодони онҳоро аз ин беморӣ эмин дорем."

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки таътили тӯлонӣ нагузошт СOVID-19 ба кӯдакону омӯзгорон сироят кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел ва пеш аз эътирофи расмии мавҷудияти коронавируси нав дар кишвар хонандагонро ба таътил фиристод. Ҳукумат он замон гуфт, ки таътили муваққатӣ барои ҷилавгирӣ аз сирояти эҳтимолии бемории COVID-19 дар байни бештар аз 2 миллион кӯдаку наврас аст.

Фақат 3 рӯз баъд аз қатъи дарсҳо ва дар рӯзи 30-юми апрел ҳукумат гуфт, ки 15 мавриди сирояти беморӣ дар Тоҷикистонро сабт кардаанд. То он муддат бисёриҳо шубҳа доштанд, ки Тоҷикистон аз вирус орӣ аст ва ҳукуматро ба пинҳонкорӣ муттаҳам мекарданд, зеро ҳамарӯза гузориш мешуд, як нафар инҷо ва ё онҷо бар асари бемории “илтиҳоби шуш” фавтидааст.

Ба гуфтаи мақомот, аз 30-юми апрел то 16-уми август коронавируси нав ба 8065 нафар сироят карда, 64 нафарро куштааст.

Дари мактабҳоро дар Тоҷикистон бар хилофи солҳои гузашта ва бо назардошти таътили тӯлонӣ рӯзи 17-уми август оғоз карданд. Бо вуҷуди риояти қоидаҳои беҳдоштӣ, ҳоло ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки коронавируси нав метавонад, ба теъдоди зиёди мардум сироят кунад.

Ба гуфтаи Вазорати маориф, дар Тоҷикистон 662 кӯдакистон вуҷуд дорад, ки дар онҳо бештар аз 102 ҳазор кӯдак таълим мегиранд. Дар мактабҳо тақрибан 2 миллиону 400 ҳазор наврас таълим мегиранд ва ба онҳо 124 ҳазор муаллим дарс мегӯянд.

Дар умум бештар аз 2 миллиону 245 ҳазор кӯдаку наврасу ҷавонон ва 143 ҳазор омӯзгор аз рӯзи 17-уми август ба дарс ва кор баргаштанд.

Аксҳо аз оғози таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон:

Оғози таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон