Ҷамъоварии сиёҳалаф, чукрӣ ва дигар анвои алафҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон акнун бидуни иҷозаи мақомот манъ аст. Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, афроде, ки бидуни иҷозатнома ба чидани алафҳои баҳорӣ даст мезананд, дар ҳаҷми то 500 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Вале ин меъёрҳо дар ниҳояти амр ба нархи гиёҳҳо дар бозорҳои кишвар таъсиргузор шудаст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдуқодирхон Маскаев, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, рӯзи 7 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сар аз ҳафтаи ҷорӣ дар тамоми қаламрави кишвар рейдҳои махсус гузаронда шуда ва ҷамъоварии гиёҳҳои табиӣ ва алафҳои баҳорӣ зери назорат гирифта шудааст.
Масъулон мегӯянд, афроде, ки бидуни иҷозатнома ба чидани алафҳои баҳорӣ даст мезананд, дар ҳаҷми то 500 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар нуқтаҳои Бозрасии давлати автомобилии кишвар намояндагони ин ниҳод мошинҳоро тафтиш карда, муайян мекунанд, ки оё дар онҳо алафҳои баҳорӣ мавҷуд аст ё не. Дар сурати бидуни иҷозат ҷамъоварӣ шудани сиёҳалаф – як гиёҳи баҳорӣ, ки барои таҳияи ғизои маъруфи баҳорӣ ба кор меравад ва хеле хуштамъу табобатӣ аст, шаҳрвандон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фурӯшандагони гиёҳҳои табиӣ мегӯянд, ҳамасола онҳоро тафтиш мекунанд ва онҳо маҷбуранд вақти хариди яклухти гиёҳҳои ҷозатнома талаб кунанд. Хайриддин Ҷалолов, тоҷири бозори “Шоҳмансур” мегӯяд, “ба мо алафҳои табииро асосан аз Норак, Ромит ва Варзоб меоранд. Вақте мо гиёҳҳоро аз яклухтфурӯшон мехарем аз онҳо талаб мекунем, ки иҷозатномаашонро ба мо нишон диҳанд. Ҳамаашон аз идораи ҷангал иҷозатнома доранд. Инчунин соли гузашта мақомот омада тафтиш гузаронданд ва ҳуҷҷатҳои яклухтфурӯшоно тафтиш карданд.”
Қариб 200 ҳазор сомонӣ зарар ба хоҷагии ҷангал
Масъулон мегӯянд, барои ҷамъоварӣ ва истифода аз олами набототе, ки дар ҳудуди хоҷагиҳои ҷангал воқеанд, шаҳрвандон бояд нахуст аз мақомоти дахлдор муҷаввиз дарёфт кунанд. Шодибек Қурбонов, муовини Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори Оҷонсии хоҷаги ҷангали Тоҷикистон мегӯяд, чипта ба шаҳрвандон аз тарафи хоҷагии ҷангал вобаста ба ҳаҷми нақшаи солонаи муқаррашуда ва нархи давлатии пардохт карда мешавад. Барои мисол, аз хоҷагии ҷангали шаҳри Ваҳдат дар соли 2017 наметавон аз 10 тонна сиёҳалаф зиёд ҷамъоварӣ кард.
Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, на ҳама шаҳрвандон барои ҷамъоварии гиёҳҳо ва алафҳои табиӣ аз мақомот иҷозат дарёфт мекунанд ва солона ба хоҷагии ҷангал осеби зиёд мерасонанд. “Аз тарафи нозирони Оҷонсии хоҷагии ҷангал дар самти худсарона ҷамъоварӣ намудани гиёҳҳои шифобахш ва растаниҳои хурданбоб дар соли гузашта 1035 протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Аз ин протокол 185 ҳазор 400 сомон зарари расондашуда ба хоҷагии ҷангал барқарор гардид. Қонунгузорӣ муайян кардааст, ки барои худсарона чидани растаниҳои табиӣ барои шахсони воқеӣ аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба мансабдорҳо яъне кормандони ҷангалҳо аз 10 то 20 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 100 нишондиҳанда ҷарима пешбинӣ шудааст,”-афзуд Шодибек Қурбонов.
Чаро Ҳукумат барои чидани ройгон иҷозат намедиҳад?
Тибқи талаботи муқарраршуда, тамоми растаниҳои табиӣ воқеъ дар ҳудуди хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, танҳо бо пардохти маблағ ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Масалан барои ҷамъоварии 1 кило чукрӣ ва ҳамин миқдор сиёҳалаф 1,57 сомонӣ, барои хоч 8,88 сомонӣ бояд ба хоҷагии ҷангал пардохт гардад. Ин дар ҳолест, ки растаниҳои мазкур ба Китоби Сурх дохил нашуда, ба гуфтаи мақомот умри бисёр кӯтоҳ доранд.
Чанд соли ахир пешниҳодҳо дар бораи беиҷозат ҷамъоварӣ кардани як миқдори муайяни гиёҳҳои табиӣ садо дода буд. Мақомоти Оҷонсии хоҷагии ҷангал низ мегӯянд, ин пешниҳоди онҳо аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон қабул нашуд. Ба гуфтаи Шодибек Қурбонов, онҳо қаблан ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки барои ройгон чидани як миқдори ками растаниҳои табиӣ барои шаҳрвандон ва меҳмонон, иҷозат ддода шавад.
Аммо мегӯяд, ҷаноби Қурбонов, “аз тарафи Оҷонсии хоҷагии ҷангал ин лоиҳа пешниҳод шуд ва ғайр аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист дигар вазоратҳо онро пурра дастгирӣ карданд. Бинобар ин, то имрӯз ин қарор дастгирӣ нашудааст ва меъёрро мо муайян кардан наметавонем чидани ҳама миқдор гиёҳои табиӣ пулакӣ аст. Мо мехостем, ки сайёҳон ва шаҳрвандон ҳангоми сайругашт ройгон аз як миқдори ками растанҳои табиӣ истифода баранд.”
Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, пулакӣ будани ҷамъоварии гиёҳҳои табиӣ дар асоси қонун аст ва то имрӯз аз тарафи Ҳукумат дар ин самт ягон тағйирот ҷорӣ нашудааст. Абдулқодирхон Маскаев, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, тибқи талаботи қонунгузорӣ, тамоми истифодабарии сарватҳои табиӣ пардохтшаванда мебошад.
Тоҷикистон аз кишварҳои кӯҳсори ҷаҳон буда, 93 дарсади он аз кӯҳ иборат аст. Аммо дар бозорҳои кишвар нархи гиёҳҳои табиӣ ба гуфтаи савдогарон ва ҳам харидорон, гарон аст. Масалан, як бандча сиёҳалаф, 3-3,5 сомонӣ, рошак 2 сомонӣ, чукрӣ як кг то 15 сомонӣ қимат дорад.
Мутахассисон мегӯянд, кӯҳҳои Тоҷикистон аз гиёҳои табиӣ бой мебошанд ва назорат кардани чидани онҳо низ тақрибан ғайриимкон аст. Аз ин ҷиҳат агар Ҳукумат дар ин самт сабукиҳоро барои шаҳрвандон муайян кунад, ду фоида ба даст меояд. Нахуст растаниҳое, ки умри зиёд надоранд беталаф ҷамъоварӣ мешаванд. Дуюм, агар пардохтҳо барои на ҳар килограм, балки барои давраи солона бошад шаҳрвандон дигар эҳтиёҷ ба пинҳонкорӣ нахоҳанд дошт.