Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузаргоҳҳои баставу сокинони саргардон


Дар роҳ ба сӯи гузаргоҳи Сарбанд, байни минтақаи Спитамени Тоҷикистон ва Бекободи Узбакистон, ду манзара дар хотирам нақш баст, яке оилаи деҳқоне, ки савори ароба ба сари замин мерафт ва духтароне, ки задики гузаргоҳи марзӣ ҳулбӯи навдамида мечиданд.

Яке аз духтаракони ҳулбӯчин, бо номи Умеда ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳар баҳор ҳамин тавр ҳулбу ва дигар гиёҳҳои шифобахш мечинанд ва ҳамроҳи модараш аз он самбӯсаи алафӣ мепазанд . Вай гуфт, ки аз рӯи гуфтаи мардумӣ, 40 бор ба шиками гушна серӣ хӯрдани алафҳои тафдодаи баҳорӣ одамро аз ҳама бемориҳои зимистонӣ наҷот медодааст.

Роҳи аз маркази ноҳияи Спитамон то гузаргоҳи Сарбанд, тақрибан 30 киламетр, харобу солҳо таъмирнадида ва холӣ аз мошинҳо буд. Вақти рафтуомад танҳо чанд адад автомобил бо рақамҳои Тоҷикистон ба чашмам расид . Дар ин роҳ, замоне ки марзи байни Тоҷикистону Узбакистон боз буд, то соли 1999, даҳҳо мошини боркаш, автобусу сабукравҳои ин ду кишвар доиман дар ҳаракат буданд. Ва акнун дидани роҳи холӣ аз нақлиёт бастагии гузаргоҳи байнимарзиро хотиррасон мекард.

Тафтишҳои сари роҳ

Аммо баъди аз пули болои обанбори Фарҳод гузаштан, дар минтақаи гузаргоҳи марзии Сарбанд (Платина), тақрибан 70 киламетрии Хуҷанд гӯё ба олами тамоман дигаре ворид мешавед. Олами низомипӯшони тоҷик, ки бо чеҳраҳои ҷиддӣ, силоҳи Калашников дар китф, ҳанӯз ба гузаргоҳ нарасида, шиносномаву ҳуҷҷатҳои ҳар одами гузаранда ва бағочи мошини ӯро бодиққат аз назар мегузаронанд.

Автомобили моро вақти бозгашт, ки назди обанбори Фарҳод барои аксбардорӣ боздошта будем, сарбозон боздоштанд. Сержанти зоҳиран сарвари онҳо ба лаҳни шадиде аз мақсади сафар бозпурсӣ карда, сумкаву бағочи сабукравро аз назар гузаронд. Сипас моро назди афсари худ бурданд ва танҳо баъд аз иҷозаи ӯ тавонистем раҳро идома диҳем.

Дар гузаргоҳҳои гумрукиву марзии Сарбанд мушоиҳда кардам, ки тафтиши аз хати марз гузарандагон аз ҷониби гумрукиёну марзбонони тоҷику узбак аз ин ҳам ҷиддитару сахттар сурат мегирад.

Хавотирии сокинон аз вазъи марз

Ба гуфтаи одамоне, ки назди гузаргоҳи марзии Сарбанд бо Радиои Озодӣ ҳамсуҳбат шуданд, ин гузаргоҳ аз ҷониби Узбакистон барои равуои озоди шаҳрвандони тоҷику узбак тақрибан пурра баста аст. Марзбонҳои узбак умдатан ба сокинони наздимарзӣ иҷозаи вуруд медиҳанд: «Як моҳ пеш аз тарафи Узбакистон ба хати марз танку зиреҳпӯшҳо оварда буданд, ки моро хавотир мекард. Ҳозир тинҷ шудагӣ. Аммо иҷозати гузаштан сахттар шуд.»

«Шароит барои халқи оддӣ вазнин шудагӣ. Роҳро бастан ба халқи оддӣ таъсир мекунад. Намемоманд, ки озодона рафтуомад кунем.»

«Рафтуомад торафт душвортар шуда истодааст.»

Аз симои ҳама мусоҳибонам нишонаҳои нигаронӣ хонда мешуд. Як ҷавони мастчоҳӣ бидуни зикри номаш нақл кард, ки чанд рӯз қабл як
сокини оддии ин маҳалро, ки барои тиҷорат ба шаҳри Бекободи Узбакистон гузашта буд, мақомоти интизомии Узбакистон боздошт кардаанд ва акнун аз вай барои озод карданаш 1. 5 ҳазор доллар мепурсанд: «Вай як ҷавони оддӣ буд, ки ҳаммолӣ мекард ва барои бор кардани «Камаз» ҳамроҳи тоҷирони узбак ба Узбакистон гузашта буд, акнун аз куҷо ин қадар маблағ пайдо мекунад?»

Ахиран мақомоти Узбакистон эълон дошт, ки 30 шаҳрванди Тоҷикистонро дар шаҳри Бекобод ба сабаби гузари ғайриқонунии марз боздошт кардаанд. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ин ҳодисаро беасос номиданд. Вале сокинони Спитамен мегӯянд, ки дар ҳақиқат ахиран гурӯҳе аз тоҷирониин маҳал дар Узбакистон мавриди боздошт қарор гирифтаанд, аммо аниқ намедонанд шумораи боздоштшудагон чанд нафар аст.

Гузаргоҳи марзӣ якҷониба баста аст

Дар гузаргоҳи гумрукӣ ва сарҳадии Сарбанд сокинони наздимарзӣ пиёда ва бархе савори мошинҳои сабукрави худ барои гузар навбат меистоданд. Аз ин гузаргоҳ танҳо барои равуои одамон иҷоза аст, барои интиқоли бору коло рухсат нест.
Марзбонони тоҷики силоҳабадаст ва афсарони онҳо маро ҳам нагузоштанд гузаргоҳи Тоҷикистонро убур карда, ба гузаргоҳи марзии Узбакистон наздик шавам ва бубинем оё воқеан ҷониби Узбакистон ба хати марз техникаву зиреҳпӯшҳои ҳарбӣ овардааст ё не .

Вале Рустам Қурбонов, сардори дидбонгоҳи гумрукии Сарбанд ҳозир шуд бо Радиои Озодӣ бидуни микрофон суҳбат кунад. Ба гуфтаи вай, гузаргоҳи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон аз соати 7 – и субҳ то соати 18 – и шом барои гузари одамон фаъол аст. Аммо дар соатҳои дигар ҷониби Узбакистон гузаргоҳашро ба сурати якҷониба мебандад.

Сардори дидбонгоҳи гумрукии гузаргоҳи Сарбанд ҳамчунин гуфт, ҷониби Узбакистон ахиран ворид шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш тақрибан пурра манъ кардааст ва танҳо ба бархе аз сокинони наздимарзии умдатан узбактабори деҳкадаи Сарбанд (Плотина) ва Кӯҳдоман (Горний), ки бархе аз онҳо дар минтақаи ҳаммарзи Узбакистон мехонанд ва фарзандонашон дар он ҷо таҳсил мекунанд, иҷоза медиҳад. Аммо аз ҷониби Тоҷикистон, ба гуфтаи вай, гузаргоҳи марзӣ боз аст.

Сокинони наздимарзӣ : «Аз бастани марз сарсонем»

Дилбар Маназарова – як сокини узбактабори деҳкадаи наздимарзии Сарбанд (Плотина) дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бастагии марз оилаи вайро гирифтори мушкилиҳову сарсониҳо кардааст. Хонум Дилбар, шаҳрванди Тоҷикистон аст, шавҳараш шаҳрванди Узбакистон. Аз чаҳор фарзанд ду нафар дар ноҳияи Бекободи Узбакистон таҳсил мекунад ва бо сарфи маблағу машаққати зиёд ҳар рӯз аз хати марз мегузаранд.

Вай гуфт: «Мо фарзандонамонро ду нафарӣ ҷудо намекунем – ку. Аммо вазъият моро дучори мушкиле кардааст, ки барои зиндагӣ ё Тоҷикистонро интихоб кунем ё Узбакистонро ? Барои ҳамин мехоҳем марзҳо боз ва мардуми Тоҷикистону Узбакистон аз ҳам ҷудо набошанд.»

Деҳкадаи наздисарҳадии Сарбанд, воқеъ дар тақрибан 1 киламетрии гузаргоҳи марзии ҳамном аз нигоҳи марзӣ дар Тоҷикистон воқеъ афтодааст, вале аз нигоҳи маъмурӣ дар тобеъияти Узбакистон қарор дорад.

Хонум Маназарова мегӯяд, ҳар бор ки бо зарурате аз хати марзи Узбакистон мегузарад, марзбонони узбак ба шиносномаи тоҷикии вай муҳр мезананд ва маҷбур аст дар ҳар 3 – 4 моҳ шиносномаи нав бигирад . Вай ихтисоси тарбиятгар дар кӯдакистон дорад, аммо аз набуди ҷои кор ночор ба тиҷорат дар бозори назмарзӣ машғул шудааст.

Вай афзуд, талхиву душвориҳои бастагии хати марзро аввал аз ҳама сокинони манотиқи наздмарзӣ, ки хешу пайвандонашон дар ду тарафи марз ба сар мебаранд ва мхоҳанд назди якдигарм омадурафт кунад, мечашанд . Ба гуфтаи вай, бе озодии марзҳо зиндагии онҳо ширинии худро гум мекунад.

Бегоҳӣ вақти бозгашт аз гузаргоҳи Сарбанд ҳамон деҳқонони шиносро дидам, ки ҷӯйи канори замини кишти худро тоза мекарданд ва сӯи мо ба нишони паём даст меҷунбониданд …
XS
SM
MD
LG