Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чукрӣ, торон... Бозори гарми рустаниҳои худрӯй


Мардуми деҳоти Тоҷикистон мушкили бекорӣ ва иҷтимоиро бештар аз сокинони шаҳрҳо эҳсос мекунанд.

Вале ин мардум бо таъсиси бозорҳои сарироҳии рустаниҳои худруйи кӯҳӣ мушкили бекорияшонро ҳадди ақалл дар мавсими баҳор ҳал кардаанд. Боришоти фаровон дар зимистону баҳори имсол ба нашъунамои хуби рустаниҳои худрӯи кӯҳӣ, ба монанди чукрӣ, торон, сиёҳалаф, гулҳои мухталиф ва занбуруғ мусоидат кардааст. Ин аст, ки дар паҳлуи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, шурӯъ аз атфол то мардону занони бузургсол, халтаҳои пур аз рустаниҳои худрӯйи кӯҳиро ба савдо гузоштаанд.

Маъмулан ин тоҷирони бозорҳои сарироҳӣ аз сӯҳбат бо хабарнигорон ҳарос доранд, зеро медонанд, ки тиҷорати онҳо дар роҳ ва бидуни иҷоза фурӯхтани рустаниҳо мамнӯъст. Онҳо аз ин тиҷорати худ молиёт (андоз) низ пардохт намекунанд ва дар бархе маврид аз сӯи мақомот боздошт ва муҷозот ҳам мешаванд.

Вале бо сабаби он ки роҳ пулакист, кам нафарон ҷуръат мекунанд, ки маҳсулоти аз кӯҳистон ҷамъовардаи худро вориди бозорҳои Душанбе кунанд. Ҳамсӯҳбати мо Сунаттуло Файзиев, сокини 26-солаи деҳаи Ҳушёрии Варзоб, мегуяд зарурати ба бозорҳои шаҳр бурдани рустаниҳои аз зери барфу шахҳои кӯҳистон ҷамъовардаашро надорад: "Шахсан барои ҷамъоварии гиёҳҳои худрӯи кӯҳӣ худро ба ҷойҳои хатарзо мезанам, то дар як рӯз 50-60 бандча кадом як гиёҳро ҷамъ оварам. Аз онҳоро тоҷирони яклухтфурӯш омада аз хонаам 3 сомонӣ барои ҳар кадом харидорӣ мекунанд. Худам гиёҳҳоро барои тиҷорат ба бозорҳои шаҳр намебарам, зеро аз кори якрӯза қафо мемонам. Ҳамчунин роҳкиро, пули гузаштан аз роҳ харҷи зиёд дорад."

Сунатуллоҳ мегӯяд, бо заҳмати ҷамъоварии рустаниву меваҳои худрӯи кӯҳӣ ҳадди ақал дар ду мавсим баҳор ва тирамоҳ зиндагии 8 узви хонаводаашро пеш мебарад. Ба қавли ӯ, агар дар ин ду мавсим талоши бештар кунад, захираи зимистонии хонаводаро ҳам кофӣ ба даст меорад. Аммо ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аз ночорӣ ба тиҷорати рустаниву меваҳои кӯҳии худрӯй даст мезанад, зеро маоши ҷойҳои кории пештарааш барои таъмини хонавода кофӣ набуданд.

Аксарият тиҷорати рустаниҳои худрӯйи кӯҳииро ғайриқонунӣ намедонанд. Зеро ба қавли онҳо, қабл аз шурӯи мавсими ҷамъоварии рустаниҳои худрӯйи кӯҳӣ бо мақомоти масъул қарордод мебанданд ва нақшаи давлатро пардохт мекунанд. Ҳамсӯҳбати мо Суннатуллоҳ ҳам мегӯяд, "барои ҷамъоварии рустаниҳо бо хоҷагии ҷангал қарордод мебандем, дар як моҳ 20-25 сомонӣ медиҳем. Рустаниҳоеро, ки мо аз кӯҳистон ҷамъоварӣ мекунем, ба табиат зиён надорад. Барои мисол, ҳамин чукрӣ тули як моҳ умр дорад, агар муҳлаташ гузашт, хушк мешавад."

Тиҷорати рустаниҳои худрӯйи кӯҳи феълан дар бозори шаҳрҳои Тоҷикистон низ хеле гарм аст. Аммо қиммати ин маҳсулот ба фарқ аз бозорҳои сарироҳӣ хеле гарон аст. Дар бозорҳои Душанбе як бандча чукрӣ то 10 сомонӣ, сиёҳалаф аз 3 то 5 сомонӣ, як кило занбуруғ то 40 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

XS
SM
MD
LG