Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ қонуни нави муҳоҷиратро қабул хоҳад кард, ки бар асоси моддаи 11-и он муҳоҷирати сокинон танҳо баъд аз 18-солагӣ иҷозат дода мешавад. Сокинон, инчунин, муваззаф хоҳанд шуд, қабл аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ "худро дар мақомоти ваколатдор дар соҳаи муҳоҷират ба қайд гирифта", роҳхат дарёфт намоянд. Шаклу нархи ин роҳхат ҳанӯз маълум нест.
Ин тарҳ то кунун барои баррасӣ ва тасвиб ба парлумон пешниҳод нашудааст, аммо Абдуҷаббор Раҳмонзода -- ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гуфт, "бо назардошти таҳаввулоти охир дар масъалаи муҳоҷират бо дастури президент то охири соли равон бояд қонуни нави кишвар дар бораи муҳоҷират қабул гардад."
+ ВА - ҲО
Аз ҳоло тарафдорону мухолифони тарҳи нави қонун дар бораи чанд бандаш, бахусус эҳтимоли маҳрум шудани то 18-солаҳо аз муҳоҷирати корӣ ва дарёфти роҳхат сӯҳбат мекунанд. Ин мавзӯъ дар ҷаласаи Шӯрои
ҷамъиятии Тоҷикистон дар рӯзи 27 май низ баррасӣ шуд ва бархе, баръакс, пешниҳод намуданд, муҳоҷирати то 20-солаҳои кишвар манъ карда шавад.
Вале гурӯҳи дигар мегӯянд, ин навҷавонон як бахши даромади оилаи худро дар муҳоҷирати корӣ меёбанд ва паёмадҳои манъи сафари онҳо низ ҳисобу китоб шавад. Баъзе навҷавонони Тоҷикистон ҳанӯз ба ҳаждаҳсолагӣ нарасида, кишварро ба қасди дарёфти рӯзӣ дар Русия тарк мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун теъдоди дақиқи муҳоҷирони то 18-соларо эълон накардаанд, вале мегӯянд, ки "чунин ҳолат зиёд аст".
РОҲХАТ
Масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯянд, роҳхатро танҳо ба кишварҳое медиҳанд, ки Тоҷикистон бо он кишварҳо дар бораи муҳоҷирати корӣ созишномаи дуҷониба дорад.
Абдуманнон Холиқзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ҳангоми тафсири пешнависи қонуни мазкур аз
ҷумла чунин гуфт: "Давлат барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон бояд онҳоро ба давлатҳое равон кунад, ки дар он кишварҳо қонунҳои муҳоҷират амал мекунанд ва ин давлатҳо узви конвенсияи байналмилалӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон бошанд. Ҳамчунин бояд ба давлатҳое раванд, ки Тоҷикистон бо ин давлатҳо шартномаҳои дуҷониба ё чандҷониба дар бораи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон дошта бошад."
Аммо Холиқзода гуфт, пешнависи мазкур дар шакли кунунӣ қобили қабул нест ва такмил мехоҳад ва гурӯҳи корӣ бояд онро ҳамаҷониба биомӯзад ва такмил кунад. Моддаи 14-и пешнависи ин қонун ташкили фондҳои ҷамъиятиро низ пешбинӣ мекунад, ки бояд маблағи он “барои дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо сарф шавад”.
ФОНД
Ин бунёдҳо аз ҳисоби ҷалби маблағҳои кумак ва аз ҳисоби худи муҳоҷирон ташкил мешавад. Яъне, муҳоҷир қабл аз сафар бояд худро сабти ном ва барои сабти ном як миқдор пул пардохт кунад. Сарчашмаҳои дигари ҷалби маблағ ба ин фондҳо маҳдуд карда нашудааст, яъне ҳар шахси алоҳида ва ё ҳар ширкату корхона метавонад ба истилоҳ як миқдор маблағ хайр кунад.
Моддаи 19-и боби чаҳоруми пешнависи ин қонун муҳим ба назар мерасад, ки аз 4 модда иборат аст. Аз ҷумла, дар он гуфта мешавад, ки агар муҳоҷир ҳангоми кор осеби ҷисмонӣ бардорад, бар асоси шартномаи корӣ кордиҳанда бояд зарари онро ҷуброн кунад. Инчунин, дар ҳолатҳои фавти муҳоҷири корӣ мутобиқи қонунгузории давлати таъминкунандаи кор ва бар асоси созишномаҳои байналмилалии эътирофшудаи Тоҷикистон ба хонаводаи муҳоҷир ҷуброн пардохт мешавад. Ин маблағ аз ҳисоби фондҳои ҷамъиятии худи муҳоҷирон низ пардохт мешавад.
ТОБУТ
Вале интиқоли ҷасади муҳоҷири корӣ ба зодгоҳаш аз ҳисоби буҷаи давлатӣ пардохт мешавад ва давлат барои ин кор маблағеро дар буҷа пешбинӣ мекунад. Бар асоси лоиҳа, ин маблағ дар ҳолате пардохт мешавад, ки агар муҳоҷир роҳхат гирифта ва муҳоҷираташ ба меъёрҳои қонунӣ ҷавобгӯ бошад. Моёншоҳ Маҳмадбеков, муовини вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ин моддаҳо бо меъёрҳои баййналмилалӣ ҳамоҳанг шудаанд.
Вале дар пешнависи нави қонуни муҳоҷирати Тоҷикистон нуктае дар бораи “депорт” ё ихроҷи муҳоҷирони корӣ вуҷуд надорад. Бино ба иттилои расмӣ то 1 ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ то 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати кориянд. Аммо дар пайи мушкил шудани таҳияи ҳуҷҷатҳо барои будубош ва дарёфти иҷозаи кор дар Русия мақомот эълон карданд, ки сафи муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар камтар шудааст.