Таҳрими ситоишгарони Путин дар Иттиҳоди Аврупо

Аз чап ба рост: Павел Зарубин, Дмитрий Песков ва Владимир Путин

Дар бастаи нави таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди чанде аз чеҳраҳои саршиноси Русия, хабарнигори телевизиони давлатии ин кишвар Павел Зарубин низ номбар шудааст, ки бо гузоришҳои ситоишӣ ва дастрасии қариб номаҳдуд ба президенти Русия Владимир Путин маъруф аст.

Ин бастаро Шӯрои Аврупо рӯзи 28-уми январ тасдиқ кард. Он аъзои созмон, ки маъмулан нисбат ба Маскав эҳтиёткор буданд, ба монанди Маҷористон (Венгрия) ва Словакия ба таҳримҳои нав зид набаромаданд.

Аз замони ҳамлаи васеъмиқёси Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, Иттиҳоди Аврупо рӯйхати касонеро, ки дороиҳояшон масдуд карда мешаванд ва ё тақдими раводид (виза) ба онҳо манъ аст, пайваста густариш медиҳад.

Феълан ба ин рӯйхат беш аз 2500 нафар, ширкатҳо ва ниҳодҳои дигар шомил гардидаву дороиҳояшон ба маблағи умумии тақрибан 28 миллиард евро баста шудааст.

Тадбирҳои нав дақиқан ба ҷанг дар Украина пайванд надошта, балки ба “фаъолиятҳои Русия барои бесубот намудан” марбутанд. То кунун ба ин гурӯҳ ҳудуди 60 нафар ва муассисаҳо ворид шудаанд.

Павел Зарубин, ки ҳоло барои тавзеҳот дастрас нест, хабарнигори телевизионии Шабакаи Якум, бузургтарин шабакаи телевизионии Русия аст. Иттиҳоди Аврупо ӯро "таблиғгари барҷастаи Русия" мехонад.

Екатерина Андреева, ровии дигари шинохтаи телевизиони давлатӣ ва Сергей Полунин, балетмейстери маъруф ва собиқ раққос дар Балети шоҳии Лондон низ зери таҳрим қарор гирифтаанд.

Дар руйхати таҳримшудаҳо ҳамчунин Роман Чумаков, рэпсарои маъруф бо лақаби Жиган, ки дар васфи Путин тарона менависаду иҷро мекунад; Мария Ситтел, наттоқи дигари Шабакаи Якум ва шореҳи машҳури варзиш Дмитрий Губерниев номбар шудаанд.

Таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия аксар вақт на ҳамеша дар ҳамоҳангӣ бо ҳампаймонони ғарбӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида ва Канада ҷорӣ мешаванд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, тарҳи нави қонунеро бо номи "Санади таҳримҳои Русия барои соли 2025" ба тасвиб расонд. Ба назар мерасад, ин қонун дар ҳоли ҳозир боздошта шудааст ва маълум нест, кай ва ё умуман ба раъйдиҳӣ гузошта мешавад ё не.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таҳрими мубаллиғони Путин дар Иттиҳоди Аврупо