Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон ба таҳқиқи марги як духтари 23-сола дар ноҳияи Дарвоз шуруъ кардааст.
Дар ҳоле ки мақомот шарҳу ҷузъиёт намедиҳанд, як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ 14-уми апрел гуфт, “ҷасади Меҳрона Ноибоваро рӯзи 7-уми апрел аз соҳили рӯди Панҷ ёфтанд”.
“Вай 3-юми апрел барои истироҳат аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ноҳияи Дарвоз рафта, нопадид шуда буд,” – афзуд мусоҳиби мо.
Ба қавли ин манбаъ дар мақомоти тафтишотӣ, ки номаш фош намешавад, Меҳрона Ноибова ҳамроҳи дӯстонаш, аз ҷумла ду маъмури Додситонии кул ба истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и Дарвоз рафта будааст.
Вай афзуд: “Кормандони додситонӣ ба тафтишот гуфтаанд, ки сари Меҳрона ҳангоми тамошои рӯдхонаи Паткуноб чарх зад ва сипас ба об афтод.”
Ҳанӯз хулосаи Додситонии кулли Тоҷикистон маълум нест.
Талоши мо барои ёфтани наздикони Меҳрона Ноибова то ин дам бенатиҷа буд.
Рӯдхонаи Паткуноб дар ноҳияи Дарвоз
"Чорчаман" истироҳатгоҳи маъруф дар ноҳияи Дарвоз аст. Ҷараёни рӯдхонаи Паткуноб дар ин ноҳия тез аст ва аз миёни истироҳатгоҳи “Чорчаман” гузашта, ба дарёи Панҷ мепайвандад.