Бо гузашти ҳашт рӯз, мақомот сабаби марги се узви як хонадонро дар шаҳри Исфара эълон накардаанд.
Искандар Маликии 34-сола, ҳамсараш Муаттархони 29-сола ва духтарашон Оишахони чаҳорсола рӯзи 7-уми декабр дар шароити мармуз ҷон бохтанд. Фарзандони дигари оила, Сумаяхони 6-сола ва Муҳаммадҷони 3-моҳа, ҳанӯз дар бемористон ҳастанд.
Пештар баъзе аз пайвандон ва ҳамсоягон сабаби эҳтимолии марги онҳоро “хӯриш ё хӯроки заҳролудшуда” гуфта буданд.
Як корманди баландпояи Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхиси тиббиро ба поён расондаанд ва "эҳтимоли аз хӯриш ба ин ҳол расидани онҳо ҳанӯз тасдиқи худро наёфтааст".
Ҳамсуҳбати мо бо шарти фош нашудани номаш гуфт, "эҳтимол дар як ё ду рӯзи оянда натиҷаи ҳамаи он маълум ва расонаӣ гардад." Вай аз ин бештар гап назад.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз пайвандони ҳамсари Искандар Маликӣ низ бо фиристодани чанд аксу навор иддао карданд, ки "дар марги онҳо ва бемор шудани кӯдакон мавридҳои шубҳаовар вуҷуд дорад".
Дар Додситонии шаҳри Исфара рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло тафтиши ҳодиса ҷараён дорад ва ҳанӯз дар ин замина парванда боз нашудааст. Як ҳамсуҳбати мо дар ин идора бе зикри номаш гуфт, натиҷаи ташхиси тиббиро ба Душанбе ва Хуҷанд фиристода, мунтазири хулосаи онҳо ҳастанд.
Кӯшишҳои мо барои тамос бо модари Искандар Маликӣ, ки шоҳиди ҳодиса дониста мешавад, то ин дам натиҷа надод. Пайвандони дигари ӯ таҳқиқи мушикофонаи ҳодисаро аз мақомот талаб доранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳқиқи марги се узви як оила дар Исфара
Искандар Маликӣ (Шафеиён), солҳои дароз дар идораҳои давлатии вилояти Суғд кор кардааст. Вазифаи охиринаш мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи ҳукумати Исфара буд. Ӯ як сол пеш аз ин вазифа ронда шуд ва тибқи иттилои дарёфтӣ соҳибкорӣ мекард.
Шафеиён ҳангоми муноқишаи шаби 28 ба 29-уми январи соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сахт захмӣ шуда буд.