"Табобати онлайнӣ" дар Тоҷикистон. Фоидаву зиёнаш чист?

Баъзе аз табибони касбӣ ва халқӣ дар Тоҷикистон аз ҳуҷраҳои корӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ кӯчидаанд. Онҳо дар ҳар масъала машварат медиҳанд. Аз сармохӯрдагӣ то фишори баланду камхунӣ ва қанду иртиботи ҷинсӣ. Назарҳо ба кори онҳо яксон нест.

“Дидани навор хуб аст, вале...”

Пизишк Муродалӣ Латифов мегӯяд, “ин кор дар давлатҳои пешрафта ҳал шудааст. Ин кор вақтро сарф мекунад. Бемор аз ҳар макон аз бо духтуре, ки худаш интихоб кардааст, машварат мегирад.”

Дар айни замон норозиён ҳам ҳастанд, ки чӣ гуна аз дур мешавад дардро муайян ва онро табобат кард. Як корафтода ба таври хаттӣ ба Радиои Озодӣ шикоят кард, ки дар натиҷаи табобати пизишки онлайнӣ ва истифодаи доруи навиштаи ӯ беморияш шадидтар шудааст. Ин бемор нахост ҷузъиёт диҳад.

Ҳамсуҳбати мо, Муродалӣ Латифов, мегӯяд, дар муҳити пизишкии Тоҷикистон ин падидаи нав аст ва биноан, шакку гумонҳоро ба бор овардааст. Як назарпурсии ғайрирасмии Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе ҳам нишон дод, ки дидгоҳи сокинон ба ин масъала гуногун аст.

  • “Ба ҳар ҳол, бояд ба хулосаи касоне гӯш диҳем, ки аз рӯи тахассус ва дар беморхонаҳо кор мекунанд. Саломатӣ ин шӯхӣ нест. Аз ин рӯ, лутфан, танҳо ва танҳо ба пизишкон муроҷиат кунед.”
  • “Касе, ки маълумот надорад, чӣ ҳақ дорад, одамонро табобат кунад?! Ҳама чиз бояд барои бемор дастрас бошад. Бемор бояд сертификатро бинад, тахассусро бинад, ки оё ба ин кас иҷоза додаанд, то дигаронро табобат кунад? Дар интернет қаллобон бисёранд. Ман ба чунинҳо бовар надорам.”
  • “Чаро мо бояд ба онҳо бо назари шубҳа нигоҳ кунем, вақте ки онҳо дипломи донишгоҳи тиббиро дар даст доранд?! Ман ҷонибдорам, ки духтурони касбӣ ин корро анҷом диҳанд. Вале фақат таъкид кунанд, ки шунидани ин навор ё дидани ин навор хуб аст, лекин шумо аввал бояд ба духтур муроҷиат кунед.”
  • “Ман росташро гӯям, дар интернет кам мешинам. Ба корҳои хона машғулам. Дар фазои воқеӣ шумо бо одамони воқеӣ рӯ ба рӯ мешавед. Инҷо меоем, намунаи хун месупорем. Мо сабабҳои бемориро мефаҳмем ва табобати дуруст мегирем. Тавассути интернет чи хел мумкин аст, табобат таъйин кардан вақте натиҷаҳои ташхис муайян нест, беморӣ маълум нест?”

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назарҳо ба кори пизишкони онлайнӣ дар Тоҷикистон

Камбуди пизишкон дар Тоҷикистон

Муродалӣ Латифов ҳам мегӯяд, табибони онлайнӣ ҳақ надоранд, ки танҳо дар асоси шикояти шифоҳии бемор ба ӯ табобат таъйин кунанд ва дору фармоянд: “Ташхисҳо бояд гузашта шаванд. Дар асоси таърихи беморӣ, дар асоси таҳлилҳои бемор мутахассис ба он бемор табобат таъйин мекунад ва раванди табобаташро ҳатман таҳти назорат мегирад.”

Ин мутахассис афзуд, ташхис ва таҳлил бояд дар беморхона сурат гирад ва мариз танҳо натиҷаҳоро бояд ба пизишки онлайнӣ фиристад. Аммо онҳое, ки тибби халқиро онлайнӣ ба роҳ мондаанд, чӣ роҳу равише доранд? Латифов мегӯяд, “ҳар кас бояд гапи ҳамаро гап назанад. Ҳоло дар мо пайдо шудаанд баъзе шахсоне, ки духтур нестанд, вале дар бораи ҳама бахшҳои тиб суҳбат мекунанд. Ва гуё тавасути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамаро табобат карда истодаанд.”

Бо сабаби аз Тоҷикистон рафтани шуморе аз мутахассисон, дар бемористонҳои кишвар садҳо табиб намерасад. То моҳи июли имсол ин шумора ба ҳазору 600 нафар баробар буд. Бархе гумон доранд, ки эҳтимол табибони онлайнӣ ин холигоҳро пур кунанд.

Аммо дар айни замон дар Тоҷикистон барои муолиҷаи нодуруст ва ба марг расондани беморон ҷазо медиҳанд. Барои мисол, соли 2023 пизишк Расул Ҳоҷиевро ба он гунаҳкор карданд, ки хатояш боис ба марги як духтари наврас шуд. Худаш эътироз кард, вале додгоҳ ӯро шаш сол аз озодӣ маҳрум намуд.