Худкушии Шаҳлои ҳомила ва ҳам модари ду фарзанд, аксарияти корбаронро такон дода ва маъюс кардааст, вале айни замон чанд нафар ҳам ҳастанд, ки гуноҳро бар сари худи духтар зада ва ба ӯ барои худкушиаш “дузахӣ” хондаанд. Аксарияти 200 шарҳу назаре, ки роҷеъ ба худкушии Шаҳло Рустамхоҷаева дар бораи он аст, ки духтарони тоҷик аз ночорӣ ва ё аз ҷабру зулми шавҳар ва ё аз тарси “гапи мардум” қасди ҷони худ мекунанд.
Фарзона Фаррухзода, яке аз корбарони саҳифаи Фейсбуки Радиои Озодӣ, дар бораи марги Шаҳло навиштааст, “афсӯс, ки ҳеҷ касе аз наздикон дар ин лаҳзаҳои сахт дастгириаш накардааст. Бо назардошти ҳамин вазъ бисёр мехоҳам, ки занҳои мо босавод бошанд ва аз ҷое, ки барояшон бад аст, нотарсида бираванд. Барои чунин шавҳари палид, намебоист худро аз зиндагӣ маҳрум кунад, чун роҳи халосӣ аз ҳар вазъият вуҷуд дорад. Ба фарзандонаш дилам месӯзад.”
Ба навиштаи корбари дигар бо номи Шахи Шомирсаидова, шояд ҳеҷ кас надонад, ки аз сари ин духтари ноком чӣ мегузашт, ки фикри касе накард ва худро овехт. Шахи Шомирсаидова мегӯяд: “Ҳеҷ касе, ки дар вазъи ин духтар наафтодааст, ҳолати ӯро дарк карда наметавонад. Албатта ба назари ман худкушӣ кори дурусте нест, вале фикр кунед, мумкин аст, ҷони ин духтарро ба лабаш овардаанд, ки аз ноумедӣ ба ин кор даст задааст. Шояд касе набуд, ки ин духтар ба ӯ муроҷиат кунад, ё волидонаш ӯро нафаҳмиданд, ё фаҳмидан нахостанд, зеро барои миллати мо фикри бегона бисёр муҳим аст.”
Марям Сафарова ҳам дар марги Шаҳло Рустамхоҷаева ҷомеаро гунаҳкор кардааст, ки ҳама гуноҳро ба сари занҳо мезананд. Марям чунин гуфтааст: "Гунаҳкори фоҷиа менталитети мардуми мост. Дар оила ҳар мушкиле, ки пеш омад, занро гунаҳкор мекунанд, баъдан таассуф мехӯранд, ки чунин мусибате рух дод.”
Маҳина Қодирова дар идомаи ин баҳс як намуна овардааст, ки “дар шаҳри мо як ҳодиса буд, ки шавҳари як духтаре ӯро латукӯб мекард, хиёнат мекард. Ӯ чанд дафъа ба хонаашон баргашт, волидонаш дастгирӣ накарданд ва ба назди шавҳараш баргардонданд ва бо ин гуфта, ки аз онҷо мурда бармегардӣ, ту кӯдак дорӣ, ба касе лозим нестӣ, барои ҳамин бо шавҳарат бош. Ӯ худро аз болои пул ба поён андохт ва ғарқ карда кушт.”
Саодат Саидова навиштааст, ки беҳуқуқии зан як масъалаи доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст ва ҳамин беҳуқуқӣ сабаби чунин ҳолатҳои ғамангез мешавад.
Аксари онҳое, ки назари худро дар бораи марги Шаҳлои ноком ва беҳуқуқии зан дар ҷомеаи Тоҷикистон навиштаанд, духтарон ҳастанд, аммо теъдоди мардоне, ки ба баҳси гузориши марги Шаҳло дар саҳифаи Фейсбуки Радиои Озодӣ пайвастаанд, кам нест ва аз ҷумла Abdulloh Odamov навиштааст: “Дуруст аст, ки дар Тоҷикистон занҳо беҳуқуқанд. Вале занҳо ҳуқуқ доранд ва занҳои муҳтарам шумо бояд ин ҳуқуқи худро бидонед. Воқеан марги ӯ боиси таассуф аст, аммо Шаҳло гунаҳкор аст, фарзандонашро ятим гузошт. Ӯ бояд талоқ мехост, на ин ки худро мекушт.”
Оламафарӯз Абдуллоев дар бораи марги Шаҳло Рустамхоҷаева навиштааст, ки “Шавҳараш инсони пастфитрат будааст ва худи духтар аҳмақ”.
Далер Давлатов гуфтааст, ки “Одами худ куш дузахтиай!!!”
Сироҷиддин Фазлиддинов низ ба ин баҳс шомил шуда ва гуфтааст, ки “Фикр намекунм, ки духтари бо шарму ҳаё ва исломӣ буд.
Теъдоди зиёди дигаре дар баҳс дар бораи марги Шаҳло Рустамхоҷаева, хостаанд, ки бояд шавҳари ӯро барои ба худкушӣ расонидани ин духтар ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд, то ба дигарон дарси ибрат шавад ва як корбар бо номи Эркин Ҳасанбоев навиштааст, ки дар маросими ҷанозаи Шаҳло ҳузур дошт ва шавҳари ӯро ҳам дид ва хост “чанд гап ба ӯ бигӯяд, вале...”.
Дар ин миён як нафар бо номи Мая Небесная гуфтааст, марги Шаҳло “танҳо як достоне аз чунин достонҳои зиёде дар Тоҷикистон аст, ки касе аз онҳо хабардор намешавад."
Ба гуфтаи мақомоти интизомии Тоҷикистон, Шаҳло Рустамхоҷаева рӯзи 20-уми август худро дар ҷойи кораш дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе овехтааст. Ӯ қабл аз маргаш номае гузошта ва аз падару модараш хостааст, кӯдакони дувуним ва чаҳорсолаашро ба шавҳараш надиҳанд ва худашон бузург кунанд.