Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полис худкушии зани тоҷикро пажӯҳиш мекунад


Мақомоти тафтишотии Русия ҳувияти занеро, ки дар Звенигород худкушӣ кард, шиносоӣ карданд.

Расонаҳои ахбори оми Русия ба нақл аз мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, зани 27-солае, ки шоми 2-уми август бо партофтани худ ва писарчаи дусолааш аз табақи 9-ум, сокини шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон Уғулой Юлдошева буда, ҳамроҳи шавҳараш Акмал Қудратов дар Звенигороди вилояти Маскав зиндагӣ мекардааст. Ҳоло полиси Русия талош дорад, сабаби худкушии Уғулойро таҳқиқ кунад. Писарчаи дусолаи ӯ зинда мондааст, вале сахт маҷрӯҳ аст. Зан ҳангоми фурӯ афтодан, кӯдакро сахт дар оғӯш дошта, худ ба пушт афтодааст.

Бархе аз расонаҳои ахбори оми Русия навиштаанд, ки худкушии зан дар заминаи рашк ба вуқӯъ пайакстааст.

Муҳаммади Эгамзод, котиби якуми сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 3-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин ҳодисаро таъйид кард ва гуфт, баъди ин хабар кормандони консулгарии Тоҷикистон ба маҳали ҳодиса шитофтаанд:

«Имрӯз кормандони консулгарии сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия якҷоя ба ҷои воқеа рафтанд ва дар ин лаҳзаҳо, ки мову шумо сӯҳбат мекунем, кормандони мо дар ҷои воқеа қарор доранд. Ягона чизе, ки то ҳол маълум шудааст, ин аст, ки мақомоти пулиси шаҳраки Звенигород ин ҳодисаро пурра тасдиқ кардаанд ва акнун дақиқ аст, ки ин кор бо шаҳрванди Тоҷикистон рух додааст. Ҳоло шахсияти ин занро, ки аз рӯи маълумоти пешакӣ даст ба худкушӣ задааст, маълум мекунанд. Гузашта аз ин, сафорат ба кормандони худ ва кормандони Хадамоти муҳоҷират дастур додааст, ки якҷоя ба бемористон раванд ва аз аҳволи фарзанди ин зан, ки баъд аз афтодан аз ошёнаи 9 зинда мондааст, огаҳ шаванд. Ҳоло табибон барои наҷоти ин кӯдак талош доранд. Интизор меравад, ки рӯзи душанбе мо маълумоти расмиро аз ҷониби пулиси шаҳри Звенигород дастрас намоем.»

Аз сӯи дигар, Олга Врадий, намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия хабар додааст, ки расидагӣ ба ин ҳодиса оғоз шудааст. Бино ба маълумоти ин манбаъ, ду ҳафта пеш низ ин зан, шаҳрванди Тоҷикистон талош кардааст худро аз ҳамин ошёнаи 9 бо кӯдакаш ба поён андозад, вале хешовандонаш сари вақт аз ин кор пешгирӣ кардаанд. Бозрасони Кумитаи тафтишот маҳали ҳодиса ва хонаи зисти ин занро бозрасӣ кардаанд ва сабаҳои ин худкуширо таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG