31 созишномаи нави миёни Тоҷикистон ва Чин

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷин Пин

Баъди дидори роҳбарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Чин Си Ҷинпин дар шаҳри Пекин, миёни ду кишвар 31 санади нави ҳамкорӣ имзо шудааст.

Ба гузориши дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, санади асосӣ "Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ" мебошад. Дар он омадааст, ки Чину Тоҷикистон ҳаргиз бо ҳам душманӣ нахоҳанд кард.

Аксари санадҳои имзошуда ёддоштҳои тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни вазоратхонаҳои Тоҷикистон ва Чин тақрибан дар ҳама бахшҳо аст, ҳарчанд тамаркузи бештар рӯйи рушди фанновариҳои нави иттилоотӣ ва ҳуши сунъӣ, содироти гӯшти мурғ ва хушкмева аз Тоҷикистон ба Чин, ҳамгироиҳои илмӣ, фарҳангӣ ва матбуотӣ дида мешавад.

Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои "сабз" барои солҳои 2026–2028 аз санадҳои дигаре аст, ки дар ин вохӯрӣ имзо шуд.

Ҷузъиёти санадҳои имзошуда маълум нест.

Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари серӯза дар Чин қарор дорад, 12-уми май бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин вохӯрд. Расонаҳои расмии ду кишвар аз имзои қарордодҳои миллиарддолларӣ хабар доданд.

Чин шарики муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон мебошад. Тибқи оморҳои ахири Вазорати молия, Тоҷикистон аз Чин беш аз 700 миллион доллар қарздор аст.

Сармоягузориҳои ҳангуфти Чин, ки наздик ба 6 миллиард доллар баровард шудаанд ва ҳузури он дар иқтисоди Тоҷикистон нигарониҳоро дар бораи вобастагии Душанбе аз Пекин бештар кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Сафари чандмиллиардӣ. Ҳузури Чин дар Тоҷикистон амиқтар мешавадСели сармояи Чин ба Тоҷикистон ҷорӣ мешавад?Эмомалӣ Раҳмон: Дар Чин 6000 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунандШиркатҳои Чин ва Тоҷикистон қариб 30 созишномаи нав имзо кардандБонки чинӣ ба Тоҷикистон 800 миллион доллар медиҳад