Созиши Душанбе ва Теҳрон барои содироти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон. 15 август, 2026.

Тоҷикистон ва Эрон бар сари як қарордоди дарозмуддат барои содироти маҳсулоти нафтии Эрон ва таъмини нафти хоми полоишгоҳҳои Тоҷикистон, ба созиш расиданд.

Як ҳайати баландпояи Тоҷикистон бо раҳбарии Далер Ҷумъа, Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, рӯзи 15 август дар Теҳрон бо мақомоти эронӣ мулоқоту гуфтугӯ кардааст. Меҳвари ин гуфтугӯҳо, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи соҳаи нафту газ будааст.

Ба иттилои Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар ин мулоқотҳо имконияти таҳвили маҳсулоти нафтии Эрон ба Тоҷикистон, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории ҳавопаймоҳо ва нафти хом, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи пешниҳоди нархҳои имтиёздор барои таъмини бозори сӯхти Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Аммо Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон шарҳ надод, ки ин имтиёзҳо аз чӣ иборат хоҳанд буд.

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон. Теҳрон, 15 август, 2026.

Мавзуи тақвияти ҳамкориҳои ширкатҳои Тоҷикистон дар соҳаи нафту газ низ, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳайати Тоҷикистон дар Теҳрон бо Муҳаммадризо Ориф, муовини раисҷумҳури Эрон, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Муҳсин Покнажод, вазири нафт, Аббос Алиободӣ, вазири нерӯ ва Фарзона Содиқ, вазири роҳ ва рушди шаҳрсозии Эрон, дар мавриди ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон гуфтугӯ кардааст.

Мулоқоти вазири энержӣ ва захираҳи оби Тоҷикистон бо вазири нафти Эрон. 15 август, 2026.

Интиқол ва таъмини логистикии маҳсулоти нафтӣ ва нафти хом аз Эрон ба Тоҷикистон, аз дигар мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯи ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти эронӣ будааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон моҳи гузашта бо имзои як созишнома дар шаҳри Машҳад, аз роҳандозии як долони икмолотӣ ё лоҷистикӣ хабар дода буданд ва интизор меравад, аввалин корвон то поёни моҳи август аз ин долон гузарад. Долоне, ки ба содироти маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон метавонад мусоидат кунад.

Ҳоло беш аз 90 дарсади ин маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад. Аммо тайи моҳҳои охир бар асари зарбаҳои Украина коркарди нафт дар Русия ба поинтарин ҳад уфтод ва нархи маводи сӯхт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боло рафт. Дар пайи он, раисҷумҳури Тоҷикистон дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумат ба масъулин дастур дод, ки роҳҳои алтернативии воридоти маводи сӯхтро пайдо кунанд.

Эрон яке аз шарикони тиҷории Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи иттилои расмӣ, ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар дар нимсолаи аввали соли равон 254,3 миллионро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 32,8 миллион ё 14,8 дарсад зиёд мебошад.