Созмони Милал: 2,4 млн духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳруманд

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ҳудуди 2,4 миллион духтар дар Афғонистон аз соли 2021, пас аз бозгашти Толибон ба қудрат, аз таҳсилоти миёна маҳрум шудаанд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳудуди 2,4 миллион духтар дар Афғонистон аз соли 2021, пас аз бозгашти гурӯҳи "Толибон" ба қудрат, аз таҳсилоти миёна маҳрум шудаанд.

ЮНЕСКО, Бунёди омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милал, гуфтааст, шумори духтарони маҳрум аз таҳсил нисбат ба соли гузашта 200 ҳазор афзоиш ёфта, агар ин маҳдудият идома пайдо кунад, то соли 2030 теъдоди чунин духтарон мумкин аст ба наздики чаҳор миллион нафар бирасад.

Ба гузориши хабаргузории "Франс Пресс", ЮНЕСКО хоҳони бозгардонидани фаврии ҳаққи омӯзиши духтарон шуда, "табъиз алайҳи занон ва духтарон"-ро дар Афғонистон маҳкум кардааст.

Як духтари мактабхон дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Бар асоси ин гузориш, ҳукумати "Толибон" дар оғози рӯйи кор омадан, ваъдаи ҳукуматдории муътадил дода буд, аммо пас аз он маҳдудиятҳои густурдае бар занон ҷорӣ кард. Ҳоло рафтани занон ба донишгоҳҳо, паркҳои умумӣ, марказҳои варзишӣ ва толорҳои зебоӣ мамнуъ аст.

Духтарон дар моҳи марти соли 2022 аз рафтан ба мактабҳои миёна ва литсейҳо низ манъ шуданд ва дар поёни ҳамон сол, донишгоҳҳо низ ба рӯи духтарон баста шуд.

ЮНЕСКО гуфтааст, ин маҳдудиятҳо дастовардҳои ду даҳаи гузашта дар бахши омӯзишро дар Афғонистон аз байн бурдааст. Дар ҳоле ки то соли 2001 ва поёни нахустин давраи ҳукумати "Толибон", дастрасӣ ба таҳсил бисёр маҳдуд буд, пас аз сарнагунии он ҳукумат то соли 2021 наздик ба як миллион духтар ба таҳсилоти миёна фаро гирифта шуданд.

Ҳудо Ҷобириён, ҳамоҳангкунандаи Барномаи омӯзиш дар шароити изтирорӣ дар созмони ЮНЕСКО, гуфтааст, "духтарон ва занони Афғонистон ҳаққи омӯзиш доранд ва ин ин як ҳаққи асосии инсонӣ аст".

Ӯ афзудааст, "онҳо ҳаққи кор кардан доранд ва бояд аз озодии рафтуомад бархӯрдор бошанд".

Як синфхонаи дарсӣ дар вилояти Кундузи Афғонистон. 8 октябри соли 2021. Акс аз бойгонӣ.

ЮНЕСКО гуфтааст, мамнуияти омӯзиши духтарон зиёни иқтисодии қобили таваҷҷуҳе низ ба Афонистон ворид кардааст. Ва маҳдудиятҳо алайҳи занон то соли 2066 ҳудуди 9,6 миллиард доллар ба иқтисоди Афғонистон зарар ворид кунад.

Тибқи ин гузориш, бахши омӯзишии Афғонистон низ бо бӯҳрон рӯбарӯ аст ва беш аз ниме аз кӯдакон дар сини мактаби ибтидоӣ ба таври комил аз таҳсил маҳруманд.

ЮНЕСКО гуфтааст, ки беш аз 90 дарсади кӯдакони 10-сола дар Афғонистон наметавонанд як матни одиро бихонанд.

Набуди оби ошомиданӣ ва имкониятҳои беҳдоштӣ, ин бӯҳронро печидатар кардааст. Ҳодисаҳои табиӣ, заминларзаҳое, ки дар солҳои ахир Афғонистонро ба таври пайи ҳам осеб задаанд, низ ваъиятро бадтар кардаанд.

Ин ниҳоди СММ гуфтааст, ки аз соли 2023 то кунун беш аз ҳафт миллион афғон ба кишвар бозгашта ё ба таври маҷбурӣ бозгардонида шудаанд. Мавзуе, ки фишор бар низоми омӯзишии Афғонистонро бештар кардааст.