СММ: "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ таҳдиди ҷиддӣ барои Афғонистон ва фаротар аз он аст

Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ". Акс аз бойгонӣ

Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави худ ба Шӯрои Амният дар мавриди гурӯҳи террористии ДОИШ ё "Давлати исломӣ" эълон кард, ки таҳдидҳои ин гурӯҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон афзоиш ёфта, печидатар шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави худ ба Шӯрои Амният дар мавриди гурӯҳи террористии ДОИШ ё "Давлати исломӣ" эълон кард, ки таҳдидҳои ин гурӯҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон афзоиш ёфта, печидатар шудааст.

Александр Зуев, муовини дабири кулли СММ дар умури мубориза бо терроризм, 4 феврал дар нишасти Шӯрои Амният гуфт, "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон як таҳдиди ҷиддӣ барои минтақа ва фаротар аз минтақа ба шумор меравад.

"Бо он ки ҳамлаҳои "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ коҳиш ёфтааст, ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам тавоноии онро дорад, ки аз роҳи ҷалб ва истихдоми онлайнӣ ба суръат худро тақвият кунад," -- афзуд ӯ.

Муовини дабири кулли СММ ба ҳамлаи террористии 19-уми январ дар шаҳри Кобул ишора кард, ки бар асари он ҳафт тан кушта ва шумори зиёде, аз ҷумла кӯдакон захмӣ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифт.

Толибон иддао мекунанд, ки "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон саркӯб шуда ва дигар наметавонад барои ин кишвар мушкил эҷод кунад.

Александр Зуев дар нишасти Шӯрои Амният гуфт, ин гурӯҳ ва шабакаҳои вобаста аз он дар баробари фишорҳои давомдори зиддитеррористӣ муқовимат мекунанд, ба ҷалби ҷанҷӯёни хориҷӣ идома медиҳанд ва аз фанновариҳои муосир барои тақвияти фаъолиятҳои худ истифода мекунанд. Зуев афзуд, ДОИШ аз тариқи ёриҳои молӣ, молиёти ғайриқонунӣ ва одамрабоӣ худро таъмин мекунад.

Муовини дабири кулли СММ дар гузориши худ ба Шӯрои Амният гуфт, ки "Давлати исломӣ" ва гурӯҳҳои вобаста аз он талош мекунанд ҳузури худро дар бахшҳое аз Африқо, ба вижа ғарби Африқо ва минтақаи Соҳил, густариш диҳанд ва бо истифода аз манбаъҳо ва назорати қаламрав минтақаро бесубот кунанд.

Александр Зуев ҳамчунин гуфт, гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия фаъол аст ва бо анҷоми ҳамлаҳо ва талошҳои нав суботи ҳокимияти маҳаллиро дар он кишварҳо барҳам мезанад. Зуев таъкид кард, ки вазъияти амниятӣ дар Сурия шикананда аст ва ДОИШ бо истифода аз холигоҳ дар қудрат, ба танишҳои қавмӣ доман мезанад.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия аз сӯи Абубакр Ал-Бағдодӣ таъсис ёфт. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, аз замони зуҳури ДОИШ дар соли 2013 беш аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи созмонҳои тундрав пайвастаанд ва теъдоди зиёде аз онҳо кушта шуданд.