“Шояд дигар тирпаронӣ нест, аммо духтарон эҳсоси амният намекунанд”

Ҳирот, Афғонистон, моҳи июни 2026

“Барои ман амният танҳо ин нест, ки дар шаҳр ҷангу таркиш набошад, балки амният ин аст, ки як зан битавонад бо хотири ҷамъ аз хона берун шавад, таҳсилу кор кунад ва назари худро баён намояд.” Ин изҳори назари як зан аз шаҳри Кобул, маркази Афғонистон аст, ки ба далели амниятӣ номаш навишта намешавад.

Ӯ ва шуморе аз занон ва духтарони Афғонистон мегӯянд, муҳтасибон ё нозирони амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати “Толибон” амнияти равонии онҳоро аз байн бурдаанд. Ин зан меафзояд, ба сабаби тарс аз маҳдудиятҳои ҳукумати “Толибон” маҷбур шудааст дар фазои ноором ва нафасгиркунанда зиндагӣ кунад.

Ба гуфтаи ӯ, на танҳо маҳрум монданаш аз таҳсил дар донишгоҳ, балки сиёсати “Толибон” дар бораи чигунагии либоспӯшӣ низ ҳангоми берун шудан аз хона ӯро бо тарсу нигаронӣ рӯ ба рӯ кардааст:

Инро ҳам бинед:

"Ҳам худаш ҷон бохт, ҳам тифлаш." Достони Кубро ва ҳамтақдирони ӯ

“Бисёре аз занон вақте аз хона берун мешаванд, ин фикрро доранд, ки оё дар роҳ дар амон хоҳанд буд ё не? Ин нигаронӣ ҳамеша бо ман аст, ки мабодо дар роҳ бо пурсиш, бозҷӯйӣ ё маҳдудият аз ҷониби “Толибон” рӯ ба рӯ шавам, зеро занонро ба баҳонаи чигунагии ҳиҷоб ба зиндон мебаранд ва ба идораҳои амниятӣ мекашонанд.”

Танҳо сокинони шаҳри Кобул нестанд, балки занон ва духтарон дар баъзе аз вилоятҳо низ нигаронӣ ва иддаои монандеро матраҳ мекунанд. Духтаре аз вилояти Хуст, ки аз идомаи таҳсил дар мактаб маҳрум мондаасту нахост номаш дар гузориш оварда шавад, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт:

“Шояд тирпаронӣ ва ҷангҳо поён ёфта бошад, аммо мо занон ва духтарон ҳанӯз ҳам аз лиҳози зеҳнӣ ва ҷисмонӣ эҳсоси амният намекунем, зеро мо озодии баён надорем, иҷозаи таҳсил ва кор надорем. Вақте аз хона берун мешавем, ин тарсро дорем, ки мумкин аст Толибон моро дар роҳ боздоранд ва дар бораи либосамон пурсиш кунанд, ё вақте марде ҳамроҳи мо набошад, ба мо бигӯянд, ки аз хона берун нашавед."

Як сокини вилояти Қандаҳор ва пизишки бахши занона ва зоймон низ ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ба назари ман, амнияти воқеӣ замоне комил мешавад, ки занон ва духтарон дар баробари амнияти ҷисмонӣ, оромиши равонӣ, итминон аз дастрасӣ ба имкониятҳои муносиб барои кор, таҳсил ва пешрафт, инчунин итминон аз пешбурди зиндагии рӯзмарраи худро дошта бошанд."

Онҳо аз ҳукумати “Толибон” мехоҳанд, ки маҳдудиятҳо ва мамнӯиятҳоро нисбат ба занону духтарон бекор ва заминаи зиндагии амнро барояшон фароҳам кунад.

Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ талош кардааст, назари сухангӯи Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати Толибонро бигирад, аммо то кунун муваффақ нашудааст. Мақомоти ҳукумати “Толибон” дар гузашта гуфтаанд, ки ҳуқуқи ҳамаи занон ва духтаронро дар чорчӯби шариати исломӣ таъмин кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Қонуни нави Толибон, ки издивоҷ бо кӯдаконро иҷоза медиҳад

Занон ин нигарониҳоро дар ҳоле матраҳ мекунанд, ки чанде пеш муҳтасибон ё нозирони амр ба маъруф дар вилояти Ҳирот шуморе аз занонро ба иттиҳоми риоят накардани ҳиҷоб боздошт карданд. Он замон мақомоти маҳаллии ҳукумати Толибон ва Созмони Милали Муттаҳид боздошти дастикам 30 занро дар Ҳирот тасдиқ карданд.

Дар рӯзҳои охир низ гузоришҳое дар бораи боздошти шуморе аз занон дар Кобул нашр шуд, аммо манбаъҳои мустақил дар ин бора чизе нагуфтанд.

Ҳукумати "Толибон" пас аз бозгашт ба қудрат дар Афғонистон дар соли 2021 ба таври тадриҷӣ таҳсили духтарони болотар аз синфи шашумро дар мактабу донишгоҳҳо ва ҳатто донишкадаҳои пизишкӣ мамнуъ карда, онҳоро аз кор дар идораҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатӣ боздошт ва дар бораи сафар, ҳиҷоб ва навъи либоспӯшии онҳо қоида ва сиёсатҳои мухталифро татбиқ кардааст.