Се сокини Душанберо бо гуноҳи ифротгароӣ зиндонӣ карданд

Ҳарсе сокинони ин маҳаллаи Душанбе ҳастанд, ки соли 2025 даҳҳо нафарро дар онҷо бо иттиҳоми ифротгароӣ дастгир карданд.

Додгоҳи Душанбе се сокини ин шаҳрро бо гуноҳи ифротгароии динӣ ва пайравӣ ба ҷараёни салафия, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, ба зиндон маҳкум кардааст.

Муҳаммадкибриё Ҳаётов, Мусҳаб Соатов ва Исмоил Дамаев, сокинони маҳаллаи “Дарвоз” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳастанд, ки бисёре аз мардумаш аз зодагони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ ҳастанд. Хешованди яке аз маҳкумшудагон рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар се нафар дар Русия дар як ширкати сохтмонии туркӣ кор мекарданд ва аз онҷо се моҳ пештар бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе истирдод шудаанд.

Ба қавли ӯ муҳокима дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 18-уми апрел сурат гирифтааст ва ҳарсе нафар бо гуноҳи “иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ” ба панҷ солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Назари вакилони дифои гумонбарон дар ҷиноят маълум нест. Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишон ҳар се нафарро, ки ноноварони хонаводаҳояшон будаанд, ба он гунаҳкор донистаанд, ки бо Парвиз Зоиров, яке аз сокинони дигари маҳаллаи Дарвоз ҳамкорӣ мекарданд.

Ин фардро соли гузашта Фаронса ба Тоҷикистон супурд ва сипас ӯро дар кишвар бо гуноҳи тундгароӣ ва зархаридӣ ба 13 соли зиндон маҳкум карданд. Хешовандонаш мегуфтанд, ки гӯё ӯро барои навиштаҳои танқидиаш дар бораи ҳукумат ва ҳам ақидаҳои исломиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба зиндон маҳкум кардаанд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳеч гоҳ дар бораи ин парванда, ки муҳокимааш паси дарҳои баста сурат гирифт, расман иттило надодаанд.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи мақомот ва ё ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бенатиҷа анҷом ёфт. Айни замон дар рӯйхати парвандаҳои ин додгоҳ, ки Радиои Озодӣ онро дид, номи панҷ нафари дигаре низ ҳаст, ки моҳҳои апрел ва май бо иттиҳоми ифротгароӣ муҳокима шудаанд, вале маълум нест, ки онҳо сокини куҷо ва ё кадом маҳалла ҳастанд.

Номи маҳаллаи “Дарвоз”, аз соли гузашта дар расонаҳои Тоҷикистон сари забонҳо шуд, чун дар онҷо якбора 20 нафарро дастгир ва сипас 5 каси онҳоро бо гуноҳи ифротгароӣ, таъсиси созмони ифротгаро ва барангехтани адовати диниву мазҳабӣ ба зиндон маҳкум карданд. Дар парвандаи мазкур, ки Кумитаи амнияти миллӣ тафтиш мекард, номи 17 нафаре омада буд, ки ба гуфтаи маъмурони амниятӣ “аз аъзои ҷараёни динӣ-экстремистии “Салафия” мебошанд ва пайваста миёни сокинони маҳалла фикру ақидаҳои ин ҷараёнро ташвиқу тарғиб менамуданд."

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар дар яке аз гузоришҳои худ, маҳкум ба зиндони кардани даҳҳо нафар аз сокинони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро як намунаи зери по кардани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон номида гуфтааст, ки онҳо барои дигарандешӣ ҷазо гирифтаанд.