“Гуфтанд, маҷбурӣ аст.” Санҷиши бакорат дар мактабҳои Туркманистон

Акс аз бойгонӣ

Дар мактабҳои миёнаи вилояти Марв дар Туркманистон санҷиши пизишкии духтарони синфҳои болоӣ шуруъ шудааст.

Як хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, духтаронро ба чунин санҷишҳо бидуни огаҳӣ мебаранд.

“Онҳоеро, ки ба “нодухтарӣ” гумонбар мешаванд, маҷбур доранд, аз санҷишҳои дигар, аз ҷумла вируси норасоии масунияти бадан гузаранд,” – афзуд ӯ.

Хабарнигор бо далели халал нарасондан ба амнияту осоиши ин наврасону оилаҳои онҳо номи мактаб ва исми мусоҳибонашро нашр намекунад.

Бино ба иттилои дарёфтии ӯ, омӯзгорони чанд мактаби Марв нақл кардаанд, ки баъд аз шурӯи соли нави таҳсил духтарони аз 16 то 18-соларо ба санҷиши бакорат мефиристанд.

Ҳангоми сарпечии духтарон аз санҷиши бакорат падару модари онҳо ба мактаб барои суҳбат даъват мешаванд. Ба иттилои дарёфтии хабарнигор, ба духтарони наврас гуфтаанд, ки ин санҷишҳо маҷбурӣ ҳастанд.

Маълум шудааст, духтаронеро, ки муносибатҳои маҳрамонаро таҷриба кардаанд, ба санҷишҳои тиббии бештар мефиристанд. Бархе омӯзгорон гуфтаанд, агар баъзе духтарон аз назари олудагӣ ба вируси норасоии масунияти баданд гумонбар шудаанд, дӯстписарони онҳоро ҳам ба суҳбату санҷиш ҷалб мекунанд.

Инро ҳам бинед:

Ташхиси бакорат дар Тоҷикистон. Таҷрибаи хабарнигор чиро нишон дод?

Санҷиши тиббии духтарони мактабхон дар Туркманистон дар гузашта ҳам ҷой доштааст. Бахши туркмании Радиои Озодӣ моҳи апрели соли 2024 хабар дода буд, ки дар вилояти Марв аз волидон талаб карданд, духтаронро “аз поккории ахлоқӣ гузаронанд”.

Он замон баъзе аз волидон гуфтанд, ки мақомоти маориф чунин санҷишҳоро барои маълум кардани бокирагии духтарҳои мактабхон муҳим номидаанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, санҷиши бакорат асоси тиббӣ надорад ва талаби гувоҳии бакорат хушунати зидди занон ва як амали ғайриинсонӣ мебошад. Ин ташкилоти вобаста аз Созмони Милал мегӯяд, ҳама гуна санҷишҳои тиббие аз қабили маълум кардани вируси норасоии масунияти бадан бояд ихтиёрӣ анҷом дода шаванд. Талаботи дигар ин аст, ки чунин санҷишҳо бояд дар муассисаи тиббӣ ва ба таври махфӣ барпо шаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Баҳси бакорат то ба додгоҳи Рӯдакӣ рафт. Бубинед, натиҷа чӣ шудСанҷиши бакорат дар Эрон. Ҳифзи обрӯ, зарурат ё таҳқири зан? ВИДЕОТаъйиди "хушномӣ". Арӯсҳо чӣ гуна аз имтиҳони "себи сурх" мегузаранд?СММ: санҷиши бокирагии духтарон бояд манъ шавадШӯрои уламо: баҳси бакорат ғайриахлоқӣ аст