Дар пайи як сонеҳа ё садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Фархор 7 кас ба ҳалокат расида, чанд каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса баъд аз зуҳри 4-уми июл рух додааст.
Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон 5-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ду нақлиёти сабукрав "дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" бо ҳам бархӯрданд.
"Аз як мошин панҷ кас ва аз мошини дигарӣ ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Захмиён ҳам ҳастанд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаро расман шарҳ надодааст. Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт дида мешавад, ки ду мошини ба садама дучоршуда пурра хароб шудаанд. Муаллифони видео мегӯянд, дар миёни фавтидагон занон низ ҳастанд.
Ин дуввумин садамаи пурқурбонӣ дар ҳафтаи равон дар роҳҳои Тоҷикистон аст. Рӯзи 2-юми июл дар тасодуфи роҳ дар шаҳри Ваҳдат 11 кас ҷон бохта буд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Элок ва дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ рӯй додааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар тасодуфи роҳ дар Ваҳдат 11 кас ҷон бохтБа иттилои манбаъ, Фирдавс Абдуллоев, ронандаи мошини борбари “Дулан”, бо сабаби кор накардани тормоз ё фишанги исти мошинаш аввал ба як “Опел Зефира” ва сипас ба “Тойота Прадо” бархӯрд.
Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон тақрибан ҳазору чорсад тасодуфи роҳ ё садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он 643 нафар ҷон бохта ва беш аз якуним ҳазор кас маҷруҳ шудаанд.
Суръати баланд ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракатро сабаби тасодуфи нақлиётӣ ва маргумири зиёд дар роҳҳои Тоҷикистон медонанд.
Мошинҳои куҳна, роҳҳои ноҳамвор ва беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ аз сабабҳои дигари ин мусибатҳо номбар мешаванд.