922 млн. сомонии дигар. Сабаби раҳоии Исматулло Абдуллозодаро гуфтанд

Акси Исматулло Абдуллозода аз бойгонӣ

Раиси Оҷонси мубориза бо фасод ё коррупсия гуфт, ба номи хешу табораш будани бахше аз дороиҳои Исматулло Абдулллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, барқарории зиёни молиро мушкил гардонд ва бино бар ин ӯро аз ҳабс раҳо карданд. Ӯ ба тасарруфи миллионҳо доллар пули давлат гумонзад аст, вале худаш то ҳанӯз дар ин бора ҳарф назадааст.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, рӯзи 13-уми феврал гуфт, Абдулллозода то ҳол 94,3 миллион сомонӣ зарарро ҷуброн карда, бештар аз 922 миллион сомонии дигар мондааст.

Вай афзуд, раҳоии Исматулло Абдулллозода аз ҳабси пешакӣ бо гирифтани забонхату набаромадан аз ҷойи истиқомат ва фурӯши амволу барқарории зарар рабт дорад.

"Амволе, ки мақомоти тафтишотӣ пешниҳоду ошкор карданд, ба ҳабс гузоштем. Аксарият ба номи худаш, ба номи хешутаборонаш ба расмият дароварда шудаанд. Ҳангоми фурӯхтан фарзандонаш ҳамин имкониятро пайдо накарданд, лозим шуморидем чораи пешгирияшро иваз кунем," -- афзуд раиси Оҷонсӣ.

Ба қавли ӯ, ҳоло таҳқиқи парвандаи Исматулло Абдулллозода ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. Ба иттилои Оҷонси мубориза бо коррупсия, дар пайванд ба қазияи раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, парвандаи 20 тани дигарро марҳила ба марҳила ба додгоҳ фиристодаанд.

Рӯзи 12-уми феврал дар нишсти хабарии Додгоҳи олӣ гуфтанд, 14 нафари онҳо бо пардохти 217 миллион сомонӣ ҷуброни зарар озод шуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "217 млн. сомонӣ доданд." Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ нарасидааст

Исматулло Абдулллозода, ки яке аз наздикони Ҳасан Асадуллозода, бародарарӯси президенти Тоҷикистон ном бурда мешавад, 9 сол раиси Фурудгоҳи Душанбе буд. Ӯро моҳи майи соли 2025 аз мақомаш барканор ва дастгир карданд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон он рӯз навишт, ки Абдуллозода ва муовинони ӯ "дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд". Оҷонси мубориза бо коррупсия чанд моҳ баъд гуфт, Абдуллозода ва чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад ҳастанд.

Сулаймон Султонзода, раиси оҷонс гуфта буд, ки 961 миллион сомониро худи Исматулло Абдуллозода тасарруф кардааст.” Ба қавли ӯ: “Ин кор тавассути истифодаи ширкатҳои якрӯза, нақдикунонӣ ва тасарруфи маблағҳои фурудгоҳ бо баҳонаи харид ва таъмини молу маводи зарурӣ сурат гирифтааст.”

Ба иттилои расмӣ, алайҳи ин афрод бо ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” (аз пардохти ҷарима то шаш сол зиндон) ва “сохтакории такрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон” (аз панҷ то ҳафт сол зиндон) айбнома эълон шуд.

Раҳоии Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, ҳамроҳи чанде аз зердастони собиқаш баҳсҳоеро дар ҷоемаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бархе онро иҷрои одилонаи қонун ва баъзеи дигар бесобиқа ва зидди усули адлия номиданд.