“Ин ҷаҳаннами рӯйи замин буд”. Ёдбуди ҷанги аввали Чеченистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вақте ки 11-уми декабри соли 1994 ҷанги аввали Чеченистон сар шуд, Аслан Дукаев устоди Донишгоҳи Грозний буд. Ҳазорон нафар дар ин низои 20-моҳаи байни ҷудоихоҳони чечен ва нерӯҳои давлати Русия ба ҳалокат расиданд. 20 сол баъд, Дукаев, мудири Бахши Қафқози Шимолӣ дар Радиои Озодӣ фоҷиаи шаҳри худро ба ёд меорад.