Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандони террористон аз Чеченистон берун карда мешаванд


Грозний баъд аз ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ
Грозний баъд аз ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ

Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, дар бораи тақвияти чораҳои муқовимат бо террористон хабар дод. Ӯ рӯзи ҷумъа дар саҳфаи худ дар Инстаграм навишт, “агар ягон фарди мусаллаҳ дар Чеченистон даст ба куштори корманди полис ё каси дигар бизанад, аҳли хонаводааш фавран аз қаламрави Чеченистон берун ва манзили зисташ аз пойдевораш тахриб карда мешавад.

Раҳбари Чеченистон, ҷумҳурии воқеъ дар Қафқози Русия, дар як нишасти фаврӣ назди вазирону раҳбарони маҳаллӣ шарт гузошт, ки агар нафаре аз ноҳияе ғайриқонунӣ силоҳ ба даст гирад ваё ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ пайвандад, масъулон фавран аз мақом барканор хоҳанд шуд.

Аз ин пештар хабар шуд, ки теъдоди кормандони полиси бар асари ҳамла ба шаҳри Грозний ҷонбохта ба 14 нафар расид. Ҳамла ба пойтахти Чеченитсони Русия рӯзи 4 декабр сурат гирифт. Ба гуфтаи Рамазон Қодиров, дар амалиёт ҳама 11 ҳамлагар кушта шуданд.

Раҳбари Чеченистон мутмаин аст, ки ҳамла ба шаҳрро Аҳмад, бародари Доку Умаров, тарҳрезӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Аҳмад Умаров дар Туркия ба сар мебарад ва мақомоти Русия бояд истирдоди ӯро талаб кунанд.

XS
SM
MD
LG