Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба Грозний (3 ВИДЕО)


Манзараи Хонаи матбуоти Чеченистон дар субҳи 4 декабри соли 2014.
Манзараи Хонаи матбуоти Чеченистон дар субҳи 4 декабри соли 2014.

Бар асари задухӯрдҳо дар Грозний, пойтахти Чеченистон 10 полис, 9 ҷангшӣ кушта ва 28 нафар захмӣ шуда, Хонаи матбуоти Чеченистон қисман тахриб гаштааст. Ҷангиён дар бинои мактаб паноҳ бурдаанд.

Дар маркази Грозний амалиёти зидди ҷангиён идома дорад. Задухӯрд бо онҳо шаби гузашта ҳангоми тафтиши аснод дар постгоҳи нозирони роҳ сар шуд. Бино ба хабарҳои охирин, чанде аз онҳо дар як мактаби пойтахти Чеченистон ба муҳосира афтодаанд. Дар бораи гаравгонҳои эҳтимолӣ хабар дода намешавад.

Пештар як гурӯҳи мусаллаҳон се полисро паронда, бинои Хонаи матбуотро ишғол намуд. Дар ин ҷо дафтари расонаҳои ахбори оми Чеченистон ва хабаргузориҳои федеролӣ ҷойгиранд. Дар зарудхӯрд ҳафт нафар аз мусаллаҳон кушта шудаанд. Дар ин бора раисиҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров, ки худ ба амалиёт сарварӣ дорад, хабар дод. Шоҳидони айнӣ наворҳои видеоро аз ҷойи воқеа нашр мекунанд:

Рӯшан нест, ҳоло чанд нафар аз мусаллаҳон ба муҳосира гирифта шудаанд. Хабар дода мешуд, ки онҳо дар се мошин вориди шаҳр шудаанд. Ҳамчунин дар бораи шумораи қурбониён арқоми тдақиқ номбар намешаванд. Хабаргузори ТАСС ба нақл аз манобеи худ дар Вазорати тандурустии Русия иттилоъ додааст, ки “дар ҷараёни амалиёти нобуд кардани ҷангиён шаби гузашта дар Грозний 21 нафар захмӣ шуда, 4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти Чеченистон мегӯянд, касе аз аҳолии осоишта осеб надидааст.

Ҳомии ҳуқуқи инсон аз “Гурӯҳи озоди сайёр” Сергей Бабинетс ба Бахши русии Радиои Озодӣ дар бораи рӯйдодҳои феълии Грозний маълумот дод. Ба сокинон машварат дода шудааст, ки ба кӯча набароянд ва онҳоеро, ки дар берунанд, даъват намудаанд, ки ба хонаҳояшон баргарданд. Фурӯшгоҳ ва мактабҳо кор намекунанд, ҳамаи роҳҳои шаҳр зери назорат гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG