Эътирозҳо дар чанде аз шаҳрҳои Эрон шаби ҷумъа ба шанбе идома ёфтанд ва мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор доданд, ки бархӯрд бо эътирозгаронро шадидтар хоҳанд кард. Намоиши норозиён, ки аксаран ба хушунат печидааст, ду ҳафта ба ин сӯ идома доранд.
Созмони ҳуқуқи башари Эрон, ки қароргоҳаш дар Норвеж аст, 9-уми январ гуфт, дар 13 рӯзи эътирозҳо дастикам 51 нафар, аз ҷумла 9 кӯдак кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Радиои Фардо марги 25 нафарро дар хушунатҳои ахир дақиқ кардааст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, теъдоди қурбониён бисёр зиёд аст. Манбаъҳои дигар шумораи кушташудагонро аз ҳарду тараф 65 нафар номида, гуфтаанд, беш аз 2000 нафар боздошт шудаанд.
Рӯзи 9-уми январ роҳбарони Аврупо, аз ҷумла Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир дар баёнияи муштарак истифодаи барзиёди нерӯ дар баробари норозиёнро маҳкум карданд.
Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп шоми 9-уми январ бори дигар таҳдиди худро такрор кард, ки агар саркӯби эътирозгарон боиси кушта шудани одамони зиёд шавад, Амрико "ба нуқтаҳои ҳасос"-и Ҷумҳурии Исломӣ зарба мезанад. "Ин ба маънои фиристодани нерӯи заминӣ нест, балки ба маънои ворид кардани зарбаҳои бисёр сахт ба нуқтаҳои ҳассос аст", - гуфт Трамп.
Ризо Паҳлавӣ
Дар ҳамин ҳол Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ, писари шоҳи сарнагуншудаи Эрон дар паёме ба Доналд Трамп аз ӯ хост, ки омодаи "мудохила барои кумак ба мардуми Эрон" бошад.
Ризо Паҳлавӣ, ки аз чеҳраҳои асосӣ дар миёни мухолифони Ҷумҳурии исломӣ аст Алии Хоманаӣ, роҳбари ҶИЭ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар набудани интернет ҷавонони эрониро "ба қатл мерасонад".
Дар ҳамин ҳол Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида 10-уми январ дар паёми кутоҳе таъкид кард, ки Амрико аз мардуми шуҷои Эрон ҳимоят мекунад.
Эътирозҳо дар Эрон ду ҳафта пеш ба дунболи паст шудани қурби асъори миллӣ ва боло рафтани нархҳо сар зад.