Дар як муноқишаи гурӯҳӣ дар шаҳри Кӯлоб як варзишгари ҷавон кушта ва ду тани дигар сахт маҷрӯҳ шудаанд. Ҷавони кушташуда, размикори начандон шинохта ва 19-сола Муҳаммадалӣ Саъдуллоев аст.
Ӯро рӯзи 12-уми январ дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб ба хок супурдаанд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, ба дили варзишгар ҳангоми муноқиша як корд задаанд. Ду захмии дигар дар шифохонаи вилоятӣ воқеъ дар шаҳр бистарӣ шудаанд.
Мақомоти интизомии Кӯлоб нисбат ба ин ҳодиса, бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар робита ба муноқишаву ҷиноят ду гумонбар боздошт шудаанд ва тафтиши парванда идома дорад. Дар сурати собит шудани иттиҳом ва ё гуноҳ, гумонбаронро то даҳ соли зиндон таҳдид мекунад.
Ба гуфтаи мақомот, ҳодиса шаби 11-уми январ дар макони бозиҳои компютерӣ дар маҳаллаи Шамсиддини Шоҳини шаҳри Кӯлоб рух додааст. Дари макони бозиҳои компютериро пас аз муноқиша ва барои тафтишот бастаанд. Мақомоти интизомӣ расман ҳодисаро шарҳ надодаанд. Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, варзишгари навъи муҳорибаҳои омехта дар чанд мусобиқа дар дохили кишвар ҷойи аввал гирифтааст.
Федератсияи размикорони тоҷик дар як баёнияи расмӣ навиштааст: “Риштаи зиндагии Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар натиҷаи як кордкашии ваҳшиёна канда шуд. Ин зулми бемаънӣ аз мо на танҳо як қаҳрамон, балки писар, дӯст, тарбиятгари бисёре аз варзишгарони ҷавонро гирифт.“
Бори аввал нест, ки наврасон дар Кӯлоб ҳангоми муноқиша кордкашӣ мекунанд ва якдигарро мекушанд. Панҷ сол пеш дар як занозанӣ дар мактаби рақами 5 шаҳр низ як хонандаи мактаб ба ҳалокат расида буд.