Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, барои ширкат дар ҷаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) ба Маскав рафт.
Ин нишаст рӯзи 11-уми нобяр таҳти раёсати Владимир Путин, президенти Русия, ки барои ҷанги тақрибан панҷсолааш дар Украина зери танқиду таҳримҳои зиёди байнулмилалист, мегузарад.
Раҳбарони Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон низ дар ҷаласа ширкат мекунанд, аммо сарвазири Арманистон Никол Пашинян ҳузур нахоҳад дошт. Ӯ ду сол пеш гуфта буд, ки кишвараш мехоҳад аз узвияти Созмони Паймони Амниятӣ берун равад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
СПАД тамринҳои низомӣ баргузор мекунадДафтари матбуоти Кремл рӯзи 9-уми ноябр дар эъломияе гуфт, сарони кишварҳои узв дар баробари масоили корӣ, мушкилоти байнулмилалӣ ва минтақаиро баррасӣ хоҳанд кард. Имзои чанд санад, инчунин, эъломияи стратегияи зиддитеррористии СПАД барои то соли 2030 дар назар аст.
Қарор аст, дар поёни ҷаласа раҳбарии давраии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ барои соли оянда ба дӯши Тоҷикистон гузошта шавад.
Тоҷикистон ва Русия шарикони муҳими стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳарчанд робитаҳои сиёсии ду кишвар хуб арзёбӣ мешаванд, муҳоҷирони тоҷик пайваста аз саркӯбу пайгард ва нақзи ҳуқуқи худ дар Русия шикоят мекунанд.
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, ҳоло Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин созмонро баъзан ба нотавонӣ барои пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд. Арманистон пештар созмонро танқид карда буд, ки дар ҷанги Озарбойҷону Арманистон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ “вазифаҳои худро иҷро накард.” Нахустин ва то ҳол ягона мавриди истифода аз нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон анҷом шуд; замоне ки Қосимҷомарт Тоқаев дар пайи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ва бетартибиҳо аз СПАД кумак хоста буд.