Раисҷумҳури Тоҷикистон бо танқид аз ҳузури зиёди ноболиғон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Вазорати маориф ва идораҳои дигар дастур додааст, ки барои пешгирӣ аз таъсири манфии ин шабакаҳо ба равони наврасон пешниҳодҳои мушаххасеро ба ҳукумат фиристанд. Ба онҳо се моҳ фурсат дода шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон 31-уми август зимни суханронӣ дар ҳузури омӯзгорон ва дигар кормандони давлатӣ гуфт: "Истифодаи бемеъёру беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба саломати равонӣ, хоб, нутқ, ҳофиза, қобилияти азхудкунии саводу дониш, фаъолият ва рушди ҷисмонии онҳо зарари ҷиддӣ расонидааст."
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз рафтори хонандагони мактабҳои миёна танқид кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, “ба ҷои он ки китоб хонанд, малакаҳои худро ташаккул диҳанд ё ба варзиш машғул шаванд, соатҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарф менамоянд.”
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, бо назардошти ин тамоюл Вазорати маориф ва илм, Оҷонси инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд дар муддати се моҳ масъалаи мазкурро таҳлилу баррасӣ карда, роҳҳои ҳалли онро ба ҳукумат пешниҳод намоянд.
Шеваи таълим дар мактабҳои Тоҷикистон ва сатҳи пасти саводи шогирдон солҳост, ки дар ҷомеа баҳс мешавад ва ҳукуматро ҳам барои сармоягузории нокофии соҳаи маорифу сохтмони мактабҳо ва ҷамъ овардани пул аз волидон барои таъмири мактабҳо пайваста танқид мекунанд.
Худи идораҳои нозир бар сатҳи таълиму дониш эътироф карданд, ки мушкилоти зиёд дар соҳа ба таълим дар мактабҳо асари бад гузоштааст. Оҷонси назорат дар соҳаи маориф чанде пеш гуфт, “сифати таҳсил ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ 34,5 дарсад ва дараҷаи аз бар кардани барномаҳои таълимӣ 80 дарсадро ташкил медиҳад.
Норасоии китобҳои дарсӣ, бе китоб омадани хонандагон ба мактаб, теъдоди аз меъёр зиёди хонандагон дар синф, бетаҷрибагиву дониши ками бархе аз омӯзгорон аз мушкилиҳои дигари мактабҳои Тоҷикистон аст.
Инро ҳам бинед:
Дар Тоҷикистон дастрасии кӯдакону наврасон ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд мешавадБаъзе аз наврасон дар Тоҷикистон натанҳо бинандаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, балки худ саҳифа доранд. Маводи онҳо, ки аз овозхонӣ, баёни суханҳои пандомез ё саҳнаҳои ҷолиб иборат аст, бештар мавриди ситоиш қарор гирифта, аммо баъзе аз наворҳо бо муҳтавои нохушоянд мояи нигаронӣ гаштааст. Дар Тоҷикистон бештар аз Инстаграм ва ТикТок истифода мекунанд.
Пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки то кунун Австралия ва Канада истифода аз шабакаҳои иҷтимоиро барои ноболиғони то 16-сола манъ карда, Бритониё низ ҳамин нақшаро дорад. Пештар баъзе аз қонунгузорон дар Иттиҳоди Аврупо хостори он шуданд, ки ба хотири ҳифзи сиҳатии равони ноболиғон, дастрасии шабакаҳои иҷтимоӣ барои онҳо маҳдуд гардад.