Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳомиёни ҷонварон дар Тоҷикистон вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳи навзод дар ноҳияи Нуробод "сабуку нокофӣ" хонданд.
Дар наворе, ки аз 19-уми июн дар интернет мечархад, чанд наврас намоишкорона гӯши як бачаи рӯбоҳро бурида, аз ин кори худ хурсандӣ кардаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 22-юми июн гуфт, наврасону волидони онҳоро пайдо кард ва "корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд". Ба иттилои манбаъ, нисбат ба падару модарон барои "иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбия санад тартиб дода шуд".
Бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори ҳайрат кардаанд, ки чаро маъмурони милиса ин афродро барои муносибати бераҳмона ва шиканҷаву азияти ҷонварон, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, ҷазо надод.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон низ 22-юми июн гуфт, ҳодиса дар ноҳияи Нуробод рӯй дода, мақомот бо наврасону волидонашон "суҳбат" кардаанд. Ба навиштаи Кумита, наврасон гуфтаанд, аз қонун ва пайомади корашон огоҳ набуданд.
Алия Ҳамидуллина, ҳомии ҳуқуқи ҷонварон, мегӯяд, чораҳое мисли "суҳбату фаҳмондадиҳӣ" барои аз байн бурдани муносибати бераҳмона ва хушунатомез ба ҷонварон кофӣ нест. Ӯ рӯзи 23-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бояд кори пайвастаи маърифатӣ ва муносибати башардӯстона бо ҷонварон ба роҳ монда шуда, барои рафтори бераҳмона ҷазои сахттар, аз ҷумла ҷазои ҷиноӣ зарур аст."
Ҳамидуллина афзуд, "пайомадҳои чунин ҳодисаҳо ба обрӯи Тоҷикистон ва бахши ҷаҳонгардии он таъсири мустақим мерасонад ва дар бисёр ҳолат, аввалин таассурот дар бораи кишвар маҳз аз рӯи муносибат ба ҷонваронашон ташаккул меёбад."
Анна Мифтахова, ҳомии дигари ҷонварон, гуфт, аз муносибати ноболиғон бо рӯбоҳи навзод ваҳшатзада шудааст. "Агар пеши роҳи чунин ҷиноятҳо гирифта нашавад, тасаввур кардан душвор аст, ки бо ин ҷомеа чӣ мешавад? Аз ин рӯ онҳоро бо шеваи сахт, масалан бо меҳнати сангин ҷазо бояд дод," – гуфт Мифтахова дар як шарҳи хаттиаш ба Радиои Озодӣ.
"Бераҳмӣ ба ҷонваре, ки гузашта аз ҳама дар Китоби Сурх ворид карда шудааст, бояд қотеона ҷазо дода шавад. Табиат ва ҷони дигаронро қадр бояд кард. Агар инсон надонад, ки ҳисси шафқату ҳамдардӣ чӣ аст, кӣ метавонад замонат диҳад, ки қурбонии баъдии ӯ як кӯдак ё зани дигаре намешавад?" -- илова кард ӯ.
Дар гузашта шиканҷаи ҷонварон, ба вижа сагу гурбаҳо дар Тоҷикистон борҳо расонаӣ шудааст. Коре, ки на бар асоси Кодекси ҷиноӣ, балки маъмурӣ баррасӣ мешавад ва ҳадди аксар то чорсад сомонӣ ҷарима дорад.
Ба бовари баъзе аз фаъолон, ин ҷазо сабук асту таъсирбахш нест ва мавридҳои зиёди бераҳмӣ нисбат ба ҷонварон, ки дар шабакаҳо гузошта мешавад, бояд роҳро барои сахттар кардани ҷазо боз кунад.