"Агар мулоқот кунанд, олӣ хоҳад буд." Қонуни ёрӣ ба Украина ва таҳрим зидди Русия

Владимир Путин, Доналд Трамп ва Владимир Зеленский. Коллаж

Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи 4-уми июн қонуни кумак ба Украина ва таҳримҳои нав алайҳи Русияро қабул кард. Тарҳ, ки "Қонуни дастгирӣ аз Украина" ном дорад ва моҳҳо боз бидуни баррасӣ монда буд, бо 226 раъйи мувофиқ дар баробари 195 раъйи мухолиф тасвиб шуд. Рӯзи панҷшанбе 18 ҷумҳурихоҳ ва як вакили мустақил ба тарафдории ин тарҳ овоз доданд.

Сарнавишти "Қонуни дастгирӣ аз Украина" ҳанӯз норавшан аст, зеро барои ҳукми иҷро гирифтани санад онро бояд Сенат, палатаи болоии Конгресс, низ бипазирад. Аммо раҳбарони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Сенат то кунун иҷоза надодаанд, ки тарҳи санадҳо дар бораи таҳрими Русия ба раъйгирӣ гузошта шаванд. Ҳатто агар тарҳ аз Сенат ҳам бигзарад, эҳтимоли зиёд дорад, ки раисҷумҳур Доналд Трамп онро имзо накунад.

Солҳои аввали ҳамлаи Русия ба Украина дар феврали соли 2022, аксари аъзои Конгресс аз ҳарду ҳизб аз Киев ҳимоят мекарданд, аммо аз замони бозгашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед дар моҳи январи соли 2025, аз ҷумла раҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва Сенат нисбат ба Украина сардтар шудаанд.

Конгресс

Кумакҳои Вашингтон ба ҳукумати Киев дар ҳоле коҳиш ёфтаанд, ки Русия ва Украина бо истифода аз мушаку паҳподҳо ва тӯпхонаҳо ба якдигар зарба мезананду ҳамла мекунанд.

Музокироти сулҳ ба бунбаст рӯбарӯ шудааст, зеро Украина талаби Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро дар мавриди даст кашидан аз бахшҳое аз қаламравҳои кишвар рад мекунад.

"Қонуни дастгирӣ аз Украина" тадбирҳоеро барои бозсозии ин кишвар пас аз ҷанг пешбинӣ кардааст ва бар асоси он бояд ба Украина беш аз 1 миллиард доллар кумаки молӣ ва то 8 миллиард доллар қарз бидиҳанд. Санад ҳамчунин таҳримҳои сахт ва назорати содиротиро алайҳи Русия, аз ҷумла ба ниҳодҳои молӣ, корхонаҳои истихироҷи маъдан ва нафт ва мақомоти русӣ пешбинӣ мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Зеленский дар номаи боз ба Путин хоҳони мулоқот ва поёни ҷанг шуд

“Агар онҳо мулоқот кунанд, хеле олӣ хоҳад буд"

Дар худи Украина раисҷумҳур Владимир Зеленский дар як номаи бозе ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия муроҷиат карда, гуфтааст, омодааст барои поён додан ба ҷанг бо ӯ рӯбарӯ мулоқот кунад. Владимир Путин рӯзи 4-уми июн гуфт, агар тавофуқе ҳосил шавад, имзои созишномаи сулҳро бо Владимир Зеленский рад намекунад.

Владимир Путин гуфт: "Суолҳои зиёде вуҷуд доранд. Аммо агар мо то ҳадди имзои санадҳо пеш биравем, агар хоҳиши аз роҳи сулҳомез поён додан ба ин низоъ бошад ва Русия ин хоҳишро дорад — мо нафаронеро, ки зери санадҳо имзо гузоранд, пайдо мекунем, ба шарте ки иродаи сиёсӣ вуҷуд дошта бошад."

Владимир Зеленский дар номааш гуфтааст, мардуми зиёди Русия аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Украина, гаронии нарху камбуди маводи сӯхт дар Русия хаста шудаанд ва омодаи сулҳ ҳастанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба ин раддубадалҳо гуфт, агар раҳбарони Украина ва Русия барои поён додан ба ҷанг дар Украина бо ҳам мулоқот кунанд, як кори олӣ хоҳад буд.

"Ман намедонам. Ман хурсандам, ки онҳо дар бораи мулоқот суҳбат мекунанд. Фикр мекунам, ки мо дар ин кор саҳми зиёд доштем. Ба назари ман, агар онҳо мулоқот кунанд, хеле олӣ хоҳад буд. Онҳо бояд ин корро кунанд," – афзуд ӯ.