Қобилҷонро дар канори қабри падараш дафн карданд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пайкари навраси тоҷик Қобилҷон Алиевро, ки 16 декабр дар Русия кушта шуд, 18 декабр дар ноҳияи Шаҳринав дафн карданд. Ба гузориши “Азия-Плюс”, барои видоъ бо ӯ теъдоди зиёди сокинон ҷамъ омада буданд, аммо маъмурони интизомӣ иҷоза надодаанд, ки маросими ҷанозаро ошкор сабту аксбардорӣ кунанд.