Аз Хуршеда то Қобилҷон. Чанд қатли пурсарусадои тоҷикон дар Русия

Акс аз бойгонӣ

Дар бештар аз бист соли охир мавридҳои зиёди қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия расонаӣ шуда, дар миёни онҳо куштори кӯдакон бештар аз ҳама ҷомеаи Тоҷикистонро ошуфтаву маъюс кардааст. Марги Қобилҷон Алиеви 10-сола дар рӯзи 16-уми декабр яке дигар аз ин қатлҳо шуд ва захмҳои пешинаро тоза кард.

ХУРШЕДА СУЛТОНОВА

Хуршеда Султонова

Қатли Хуршеда Султонова, духтари нӯҳсолаи тоҷик, дар Санкт-Петербург, дар моҳи феврали соли 2004 аз қазияҳои пурсарусадои куштори муҳоҷирони тоҷик дар Русия буд. Ҷавонони миллатгарои рус ба Хуршеда Султонова ва падараш ҳамла карда, ба бадани ӯ 13 корд заданд. Соли 2011 сабабгорони марги тифли тоҷик ба ҳукми абад маҳкум шуданд, аммо пештар додгоҳе дар Русия онҳоро ба майдаавбошӣ маҳкум карда буд. Ин қарор хашми расонаҳо ва мардумро барангехт.

САЛОҲИДДИН АЗИЗОВ

Салоҳиддин Азизов

Хабари кушта шудани Салоҳиддин Азизовро дар Русия зимистони соли 2008 ба пайвандонаш дар Тоҷикистон расонданд. Ҳамроҳонаш дар Русия мегуфтанд, ки намояндагони як созмони қавмгаро сари ӯро бурида, дар паскӯчае партофтаанд. Пулис ва муҳоҷирон сари Азизовро баъди тақрибан ду ҳафта ёфта, ҳабдаҳуми декабри ҳамон сол ба Тоҷикистон оварданду дафн карданд.

ҶОНИБЕК ҚОСИМОВ

Соли 2011 ҷасади гарданаш буридаи ҷавони 24-солаи тоҷик, Ҷонибек Қосимов, аз як ҷангалзор дар Сергиев Посад ёфт шуд. Душанбе он замон аз Русия таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодиса ва ёфтану ҷазо додани сабабгорони кушторро хост, вале то ба ҳол иҷро нашудааст.

ШОҲҶОН РАҲМАТШОЕВ

Шоҳҷон Раҳматшоев

Шоҳҷон Раҳматшоеви 32-сола, ки дар як сохтмон дар ҷануби ғарби Маскав кор мекард, шаби 26-уми декабри соли 2013 бо 25 зарби корд кушта шуд. Ҳамлагарон сари ин муҳоҷири тоҷикро низ аз тан ҷудо кардаанд. Наздиконаш гуфтанд, ӯ ҳамагӣ як моҳ пеш аз маргаш издивоҷ карда буд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҷониби Русия ёддошт ва ё нотаи эътирозӣ фиристод.

УМАРАЛӢ НАЗАРОВ

Умаралӣ Назаров

Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик, 13-уми октябри соли 2015 дар Шуъбаи пулис дар Санкт-Петербурги Русия ҷон дод. Он замон модари тифл, Зарина Юнусова, барои нақзи қоидаҳои будубош муттаҳам мешуд. Маҳкам Абдуллоев, яке аз хешовандони Умаралӣ Назаров, ҳашт сол пеш қазияро чунин нақл карда буд: “Маъмурони интизомӣ падару модари кӯдакро ба идораи пулис бурда, дар ҳамон ҷо тифлро гирифтанд. Модарашро ба Додгоҳ бурданд, барои “депортатсия”. Вақте Суд (Додгоҳ) қарорро баровард, омада, гуфтем, ки кӯдакро диҳед. Гуфтанд, субҳ мегиред. Саҳар занг заданд, ки кӯдак фавтидааст."

ҲУВАЙДО ТИЛЛОЗОДА

Ҳувайдо Тиллозода

Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз назди хонаашон дар Русия рабуда шуд ва ҷасади ӯро рӯзи дигар дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан ёфтанд. Мақомоти интизомӣ он замон гуфта буданд, ки дар ҷасади кӯдак осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида мешавад. Гунаҳкор ба қатли ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, баъд аз эълони ҳукм гуфт, ҳарчанд фаромӯш кардани ҳодиса мушкил аст, умрбод зиндонӣ шудани қотили фарзандаш ӯро то андозае хештандор кардааст.

ИЛҲОМИДДИН ШОЕВ

Ҷасади муҳоҷири тоҷик Илҳомиддин Шоевро, ки дар идораи пулиси Вешнякии шаҳри Маскав ҷон дод, рӯзи 27-уми ноябри соли 2018 дар зодгоҳаш, ноҳияи Рӯдакӣ, дафн карданд. Мақомоти Русия он замон гуфтанд, ки ӯ аз сактаи дил даргузашт. Хонаводааш мегӯянд, ҳангоми шустани ҷасад дар бадани ӯ осори зарбу латро диданд. “Дар дасту пояш захм буд, дар сараш захм буд. Инро одами мурдашӯ тасдиқ мекунад. Сару рӯяш ҳамин сиёҳ буд,” – нақл карда буд Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин Шоев.

ГУЛБЕГИМ РАҲМОНОВА

Гулбегим Раҳмонова

Гулбегим Раҳмоноваи 29-сола бо орзуи дарёфти маблағ ва харидани хона ба Русия рафт ва пас аз панҷ моҳ, 14-уми майи соли 2019, тобуташро ба ватан оварданд. Марги ӯ мармуз буд. Яке аз муҳоҷирони кории тоҷик ҷасади Гулбегимро дар сардхонаи шаҳри Клини вилояти Маскав тасодуфан шинохта, бо ёрии муҳоҷирони тоҷик ба ватан фиристоданд. Нашастамоҳ Атоева, модари Гулбегим, ҳодисаро чунин ба ёд овард: “Телефон кард. Тарсида гап зад, духтари ман. Гуфтам, барои чӣ зиқ шудӣ, касалӣ? Биё. Ба ду тараф нигоҳ карду бо ишора гуфт, ки хап кун ва телефонро кушт. Бо ҳамин 15 рӯз аз духтарам хабару дарак наёфтам.”

ДАЛЕР БОБИЕВ

Далер Бобиев, тифли панҷсолаи тоҷик, дар моҳи декабри соли 2022 дар Екатеринбург кушта шуд. Ҷасади ӯро пас аз ним сол ёфтанд. Додгоҳ парасторонаш, шаҳрвандони Русия Александр Наумов ва Вероника Наумоваро барои шиканҷа ва куштани бераҳмонаи кӯдак ба зиндон маҳкум кард. Аввалиро 5 сол ва дувумиро 24 сол. Азбаски падари Далер Бобиев дар Русия барои дуздӣ адои ҷазо мекард, писарашро як оилаи рус ба парасторӣ гирифта буд.

ҚОБИЛҶОН АЛИЕВ

Қобилҷон Алиев

Қобилҷон Алиев, хонандаи даҳсолаи тоҷик, рӯзи 16-уми декабр дар мактаб дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав аз сӯйи ноболиғи понздаҳсола Тимофей К. кушта шуд. Ӯ ҳамроҳи модару додараш дар Русия қарор дошт. Падараш дар гузашта низомӣ буда, се сол қабл бар асари беморӣ фавтидааст. Модараш, Нилуфар Сафоева, дар мактаб фаррош аст. Инчунин дар тарабхона кор мекунад ва шахсони пиронсолро парасторӣ менамояд. Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ дар Русия хостанд, ин ҳодисаро, ки дар заминаи бегонаситезӣ сурат гирифтааст, мунсифона ва ҳаматарафа таҳқиқ кунанд.

Рӯйхати муҳоҷирони тоҷики фавтидаву кушташуда дар Русия тӯлонист. Мақомоти Тоҷикистон ба баъзе аз ин ҳодисаҳо эътироз карда, аз мақомоти Русия таҳқиқи мӯшикофонаи онро хостаанд. Аммо мақомоти Русия на ҳамеша ба дархости Тоҷикистон вокуниш мекунанд.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маошу зиндагии муносиб танҳо ё ҳамроҳи ҳамсару фарзандон ба Русия мераванд. Ва ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон то ҳазор тобут мефиристанд. Баъзе аз онҳо бар асари беморӣ, тасодуф ё дар пайи ҳамлаҳои миллатгароён ҷон додаанд. Бар изофа ҷалби муҳоҷирон ба ҷанги Русия зидди Украина, фишорҳои мақомоти интизомии ин кишвар бар сари муҳоҷирони тоҷик ба маротиб афзоиш ёфтааст.