Додгоҳе дар шаҳри Бишек раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиевро бо гуноҳи “Кӯшиши ғасби қудрат” ба чор сол зиндон маҳкум кард, вале дар айни замон шартан дар озодӣ нигоҳ дошт.
Додрас Азирет Медеров рӯзи 2-юми июл гуфт, ӯ се сол зери назорати мақомот хоҳад монд. Номи Тошиев бо сабаби баҳсҳои марзӣ дар Тоҷикистон ҳам шинохта аст.
Ҳукми ба ин монанд нисбат ба ҳафт тани дигар, ки ҳамроҳи Қамчибек Тошиев дар парвандаи машҳур ба “Номаи 75-нафарӣ” муҳокима мешуданд, аз ҷумла раиси собиқи порлумони Қирғизистон Нурланбек Турғунбек уулу, эълон гардид.
Додгоҳи Якуми Май дар Бишкек гуфт, бо назардошти он ки ҷиноят ҳанӯз содир нашуда буд ва ислоҳи маҳкумшудагон бидуни зиндон имкон дошт, чунин тасмим гирифт. Аммо дар баёнияи додгоҳ таъкид шудааст, ки “озодии шартӣ ва назорати озмоишӣ ба маънои халосӣ аз ҷавобгарӣ нест.”
Додситон рӯзи 29-уми июн хоста буд, ки Қамчибек Тошиев ва ҳамроҳонаш ба нуҳ сол зиндон маҳкум карда шаванд. Вай таъкид дошт, ки айби онҳо бар асоси моддаҳои “Кӯшиши ғасби қудрат бо зӯр” ва “Суистифода аз мансаб” пурра исбот шудааст.
Мурофиаи Қамчибек Тошиев ва ҳамроҳонаш якуним моҳ тӯл кашид. Тибқи ҳукми додгоҳ, молу мулки маҳкумшудагон бояд мусодира карда шавад.
Яке аз мурофиаҳои додгоҳии Қамчибек Тошиев ва ҳамроҳонаш. Акс аз моҳи июни 2026
Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Икромиддин Айтқулов, вакили мудофеи Қамчибек Тошиев, гуфтааст, бо ҳукм розӣ нестанд: “Шикоят хоҳем кард. Пас аз он ки матни ҳукмро дастрас кунем, пурра меомӯзем.”
Дар ҳамин ҳол, панҷ каси дигаре, ки дар доираи парвандаи “Номаи 75-нафарӣ” аз моҳи феврал дар боздоштгоҳ буданд, рӯзи 2-юми июл аз толори додгоҳ озод карда шуданд.
Яке аз онҳо, вакили собиқи порлумони Қирғизистон Қурмонбек Дийканбоев, ба хабарнигорон гуфт, иттиҳоми кӯшиши ғасби қудрат ягон асос надорад. “Талоши ғасби ҳокимият набуд. Ҳоло 66-сола ҳастам. Тамоми ин солҳо мо давлат сохтем. Ва минбаъд низ ба давлат хидмат хоҳем кард. Мо ҳукуматро пуштибонӣ мекардем,” – афзуд ӯ.
Поёни иттиҳоди сиёсӣ
Ҳанӯз ним сол пеш ба ёд овардан душвор буд, ки Қамчибек Тошиев рӯзе дар курсии айбдорӣ дар додгоҳ бинишинад. Ӯ пас аз рӯйдодҳои моҳи октябри соли 2020 дар Қирғизистон, ҳамроҳи раисҷумҳури ҳозира Содир Ҷабборов (Жапаров) иттиҳоди сиёсӣ ташкил дода буд.
Тошиев дар мансаби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва муовини раиси Девони вазирон яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар Қирғизистон ба шумор мерафт ва дар қабули қарорҳо нақши калидӣ дошт.
Бисёре аз нозирон ҳукми додгоҳро ҳамчун тасдиқи азҳампошии иттиҳоди сиёсии Қамчибек Тошиев ва Содир Ҷабборов дар Қирғизистон арзёбӣ мекунанд. Агарчи пас аз ронда шудани раиси собиқи КДАМ аз мақом дар байни ҷонибдорони ҳукумат ҳанӯз умеде ба пайванди дубораи онҳо боқӣ монда буд.
Дар таърихи муосири Қирғизистон Қамчибек Тошиев нафари дувум аст, ки бо доштани унвони олии “Қаҳрамони халқ” маҳкум шудааст. Пештар ҳамин сарнавишт насиби президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев шуда буд.
Қамчибек Тошиев ва Содир Ҷабборов
Парванда ба зидди баъзе аз мансабдорону шахсиятҳои маъруф дар Қирғизистон моҳи феврали имсол ва пас аз муроҷиати як гурӯҳи иборат аз 75 кас ба номи президент ва раиси порлумони он кишвар оғоз гардид.
Муаллифони муроҷиатнома, ки аз мансабдорони собиқ, сиёсатмадорон, ходимони иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иборат буданд, аз раисҷумҳури Қирғизистон хостанд, ки интихоботи президентии зудҳангом гузаронад.
Мақомоти тафтишотии Қирғизистон иддао карданд, ки нома дар чаҳорчӯби талоши ғасби ҳокимият омода шудааст. Маҳз ҳамин парванда ба тандеми сиёсии Ҷабборов ва Тошиев поён дод ва боис ба барканорӣ, истеъфо ва боздошту парвандаҳои зиёди ҷиноӣ гардид.