Владимир Путин, президенти Русия, ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки гунаҳкорони қатли Қобилҷон Алиев, навраси даҳсолаи тоҷик, ҷазо хоҳанд гирифт. Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар натиҷаи ҳамлаи Тимофей К., навраси 15-солаи рус, дар мактабе дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав кушта шуд. Ин ҳодиса вокуниши зиёдро дар ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он барангехт.
Вокуниши Путин ба ҳодиса рӯзи 22-юми декабр дар ҳошияи нишасти сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург ва дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Ӯ бо баёни ҳамдардӣ ба Раҳмон ва хонаводаи Қобилҷон Алиев гуфт, “амали террористӣ алайҳи кӯдакон ҷинояти махсусан нафратангез аст.”
Раисҷумҳури Русия афзуд, “тафтишот ба поён хоҳад расид ва шахсони гунаҳкор, агар чанд нафар бошанд, бешубҳа ҷазо хоҳанд гирифт. Ман аз ин ҷиноят такон хӯрдам.”
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар навбати худ қатли Қобилҷон Алиевро дар яке аз мактабҳои вилояти Маскав “ҳодисаи ғайричашмдошт” номид. Вай гуфт, “ҳоло дар ҷаҳон чунин ҷинояткорон зиёданд. Мо дар ҷаҳони бисёр печида зиндагӣ мекунем... Гунаҳкорон бояд ҷазо дода шаванд ва мо умед дорем, ки шумо инро назорат хоҳед кард.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тимофей К. – Муттаҳам ба қатли як навраси тоҷик дар Русия кист?То ин дам Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати умури дохилӣ, Шӯрои амният, Вазорати маориф ва Омбудсмени Тоҷикистон дар пайванд ба кушта шудани Қобилҷон Алиев изҳори нигаронӣ карда, порлумони Тоҷикистон ҳанӯз ҳарфе нагуфтааст.
Вокунишҳо бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, аз корбарони одӣ ва ҳам зиёиён. Баъзеҳо шеър навиштаанд ва бархе ҳамчунин ба кумак ба хонаводаи Қобилҷон даъват мекунанд, ки ҳоло модараш танҳо бо бародари хурдиаш мондаанд.
Корбарони одӣ ва таҳлилгарону ҷомеашиносон ҳамлаи навраси русро, ки ба эътирофи расонаҳои Русия, таҳти таъсири ақидаҳои бегонаситезӣ монда буд, оқибати баёнияҳои тафриқабарангезу муҳоҷирситези теъдоде аз вакилону вазирони Русия номидаанд.
Тайи чанд соли охир аст, ки теъдоде аз вакилони Русия муҳоҷиронро “балои бад ва мусибат” барои кишвари худ номида мегӯянд, ки ҷойи онҳоро бояд танг кард ва ё нагузошт, ки дигар ба Русия биёянд.
Дар бештар аз бист соли охир мавридҳои зиёди қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия расонаӣ шуда, дар миёни онҳо куштори кӯдакон бештар аз ҳама ҷомеаи Тоҷикистонро ошуфтаву маъюс кардааст. Марги Қобилҷон Алиеви 10-сола яке дигар аз ин қатлҳо шуд ва захмҳои пешинаро тоза кард.
Пайкари ӯро, ки бо модару додараш дар Русия мезист, рӯзи 18-уми декабр дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав, дафн карданд. Додгоҳи Русия навраси муттаҳам ба қатл Тимофей К.-ро барои ду моҳ ба ҳабс гирифтааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз Хуршеда то Қобилҷон. Чанд қатли пурсарусадои тоҷикон дар Русия