Рӯзи 23 декабр Надежда Толоконникова ва Мария Алёхина, ду узви зиндонии гурӯҳи “Pussy Riot” озод шуданд.
Надежда Толоконниковаро рӯзи 23 декабр аз зиндони воқеъ дар шаҳри Красноярски минтақаи Сибир ва Мария Алёхинаро аз маҳбаси дигар дар Нижний Новгород озод карданд. Дар нахустин мулоқоташ бо хабарнигорон вай ба бойкоти Бозиҳои олимпии Сочӣ даъват намуд ва гуфт:
"Ин афв як чораи зоҳирпарастона аст ва онҳоеро озод мекунанд, ки то поёни муҳлаташон як-ду моҳ мондааст. Озод кардани Ходорковский, ки низ аз муҳлати асосиаш вақти кам монда буд, хандаовар аст. Чунин афв мебоист густардатар мебуд, то кишварҳои аврупоӣ муносибаташонро ба Бозиҳои олимпии Сочӣ иваз кунанд. Вале ҳоло ман ба бойкот ва ростӣ давъат мекунам. Ман ҳоло даъват мекунам, ки мо худро барои он ҳама нафту газе, ки Русия медиҳад, нафурӯшем. Ман ба мурооти меъёрҳои инсонӣ, анъана ва қоидаҳое даъват мекунам, ки Аврупо рушди онҳоро мехоҳад. Он гоҳ ҳақиқат воқеан пиррӯз хоҳад гашт."
Толоконникова афзуд, ки аз ин ба баъд бо ҳифзи ҳуқуқи инсон машғул хоҳад буд ва ба ҳаққи маҳбусон расидагӣ хоҳад кард, зеро кишвараш худ як маҳбаси бузург аст. Аввалин дидори Надежда Толоконниковаро бо хабарнигорон дар ин навор дида метавонед:
Мария Алёхина, Надежда Толоконникова ва узви дигари гурӯҳи “Pussy Riot” Екатерина Самутсевич дар моҳи марти соли 2012 дар пайи як ҳунарнамоии густохона, ё худ, “панк-намоз”, алайҳи Владимир Путин дар калисои Исои Наҷотбахш, дар рӯбарӯи Кремл, дастгир шуданд. Додгоҳ онҳоро бо ҷурми авбошӣ дусолӣ ҳукми зиндон дод, вале ҳукми Самутсевичро баъди чанде бо ҳукми шартӣ иваз карданд.
Навори он "панк-намоз"-и зидди Путинро, ки ин се духтарро ба кунҷи зиндон бурд, метавонед инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Pussy Riot дар ибодатгоҳи Исои Наҷотбахш
Ҳукми аъзои ин гурӯҳи панкҳо ҳамчун як ҳукми беш аз ҳад сангин ба маҳкумияти давлатҳои Ғарб ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар дучор шуда буд. Ба ҳимоят аз ин се маҳбус дар саросари дунё бо ҷалби ситораҳои ҳунар маъракаи густардае ҳам ба роҳ андохта шуд.
Ходорковский дар Берлин
Рӯзи 20 декабр бар асоси қонуни афви ахир Михаил Ходорковский, миллардери собиқи рус низ аз маҳбас раҳо ёфт. Михаил Ходорковский, молики ширкати нафтии “Юкос” ва дар гузашта сарватмандтарин марди Русия, ки дороияш 15 миллиард доллар баровард мешуд, ҳанӯз дар соли 2003 дар пайи як баҳси лафзӣ бо раисиҷумҳур Владимир Путин бо иттиҳомоти иқтисодӣ дастгир шуда, дар ин муддат ду дафъа бо ҷароими мухталиф ҳукми зиндон гирифт. Ходорковский, ки баъди раҳоияш билофосила ба Олмон рафт, рӯзи 22 декабр дар як нишасти хабарӣ дар Берлин гуфт, дигар ба тиҷорат ё сиёсат ҳам машғул намешавад, балки ба ҳимоят аз маҳбусони сиёсие тамаркуз хоҳад кард, ки ба гуфтаи ӯ, шуморашон дар зиндонҳои Русия ҳанӯз хеле зиёд аст.