Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маҳбаси сурх": Pussy Riot боз аз худ дарак дод


Гурӯҳи Pussy Riot клипи таронаи нави худро бо номи “Маҳбаси сурх” нашр намуд, ки дар он муаллифон пойбандии Русия аз содироти нафт фош карда, режими Маскавро бо режими Эрон мусовӣ хондаанд.

Як узви гурӯҳ бо тахаллуси Грелка ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз мурофиаи додгоҳӣ ва зиндонӣ кардани Надежда Толоконникова ва Мария Алёхина – қатъи фаъолияти Pussy Riot буд.


Клипи нави Pussy Riot
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00
Линки мустақим

Грелка аз ҷумла гуфт, “аз ин рӯ, барои аъзои боқимондаи гурӯҳ муҳим буд, ки ҳунарнамоӣ ва фошсозии худро идома диҳанд ва пирӯзии худ аз болои давлатро собит кунанд”, афзуд ӯ. Дар як шарҳ ба клипи нав Pussy Riot навиштааст, “мо ба умқи он расидем, ки чаро дӯстони мо дар чаҳордевори маҳбасанд, аммо дӯстони Владимир Путин не? Ҳангоми ҳунарнамоӣ бо таронаи “Маҳбаси сурх” мо бори аввал аз Маскав берун шудем ва як сафар ба хотири забти муассисаҳои нафтии кишварро анҷом додем. Соли гузашта ба буҷаи Русия аз содироти нафту газ 7 триллион рубл ворид
Порае аз клипи нав
Порае аз клипи нав
шуд, аммо ин 7 триллионро фақат Путину чанд тан аз дӯстони ӯ мебинанду халос. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки ба коргарони соҳаи нафту газ таронаи нави худ дар бораи “Маҳбаси сурх”-ро тақдим кунем”.

Ҳангоми навори клип ҳодисаҳои ғароиб ҳам рӯй доданд. Вақте, ки аъзои гурӯҳ дар болои як бунгоҳи фурӯши бензини ширкати “Роснафт” ба наворгирӣ машғул буданд, кормандони бунгоҳ муҳофизонро даъват карданд. Муҳофизон баробари расидан доду фарёд карданд, ки “Канӣ силоҳ? Кӣ силоҳ дорад?” Аммо чун болои бунгоҳ дурбинҳои видеоиро диданд, зуд фирор карданд, то ки онҳоро навор нагиранд.

Сабти клипи нав дар шаҳрҳои Маскав, Қазон ва ҷумҳурии Мордовия гузашт. Дар он лаҳзаҳои ҷолиб зиёданд, аксҳои раиси “Роснафт” Игор Сечин ва раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин дар “нафткашак”-ҳо давр мезананд, ба рӯи акси Сечин нафт мерезанд.

Нақароти таронаи нав “чун дар Маҳбаси сурх” ишора ба Иттиҳоди шӯравист.

“Ба сабти ном муваффақ шав,
Хунхорҳо болои манораҳоянд,
Нафт рӯи мизҳо ҷорист,
Сечин бо тимсоҳҳост,
Чун дар Маҳбаси сурх!”


Муаллифон ҳамчунин ишора кардаанд, ки “президенти ту чун оятуллоҳ дар Эрон аст” ва "калисо чун маъбадест дар Аморати муттаҳидаи араб!”

Айни ҳол багурӯҳи Pussy Riot 15 овозхон, мутриб, наворбардор ва рассом шомиланд. Матни таронаи "Маҳбаси сурх" берабт ба чашм мерасад ва дар он вазну қофия ҳам риоя нашудааст - гап сари он ки тарона муаллифи ягона надорад ва ҳар узви гурӯҳ муваззаф аст як сатр аз онро эҷод кунад. Дар блоги худ овозхонҳои Pussy Riot навиштаанд, Надежда Толоконникова, ки алҳол дар маҳбас аст, дар иншои таронаи нав ширкат кардааст.

Моҳи феврали соли гузашта панҷ узви гурӯҳи панк-роки Pussy Riot дар Калисои Масеҳи Наҷотбахши Маскав “ниёиш”-еро доир намуд, ки онро “Худовандо, Русияро аз Путин наҷот деҳ!” ном гузошта буданд. Аъзои гурӯҳ амали худро чун эътироз алайҳи аз сӯи Калисои ортодокси рус пуштибонӣ шудани Владимир Путин маънидод карданд.

Ҳоло ду узви гурӯҳ Надежда Толоконникова ва Мария Алехина, ки барои ду соли зиндон маҳкум шудаанд, ҳоло дар маҳбасанд. Моҳи октябри соли гузашта як додгоҳи шаҳри Маскав узви гурӯҳ Екатерина Самутсевичро раҳо кард. Вакили дифои Самутсевич изҳор намуд, ки аъмоли фарди таҳти ҳимояти ӯ бояд алоҳида бозрасӣ шавад, зеро Самутсевич дар ниёиш дар калисо ширкат надошт – кормандони полис ӯро дар ҳоле боздошт карданд, ки ниқоб ба рӯй кашида бо ду нафари дигар ҳамроҳ шуданӣ буд.
XS
SM
MD
LG