Хӯрок, либос, хона. Пули муҳоҷиронро дар Тоҷикистон ба чӣ сарф мекунанд?

Як муҳоҷири корӣ дар Маскав. Акс аз соли 2021

Як пажӯҳиши нав дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик нишон додааст, ки беш аз навад дарсади онҳо аз хориҷа, бахусус Русия, ба зану фарзандон ё волидонашон мефиристодаанд, то зиндагияшонро дар Тоҷикистон пеш баранд ва барои хӯрду хӯрок пуле дошта бошанд. Пажӯҳишро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (IOM) анҷом додааст.

Пойбандии зиёди оилаҳо ба пули муҳоҷирон дар Тоҷикистон ҳамвора мояи нигаронии коршиносону иқтисоддонҳо будааст, зеро ҳаргуна тағйир дар маҳалли кор, бемории ногаҳонии муҳоҷир ва ихроҷи ӯ аз Русия буҷаи оиларо дар хатар гузошта, онҳоро аз манбаи даромад якбора маҳрум мекунад.

Инро ҳам бинед:

Коршиноси СММ: Тоҷикистон ҳамоно пойбанди пули муҳоҷирон аст

Муаллифон пажӯҳишро дар миёни беш аз 6 ҳазор муҳоҷири кории ба Тоҷикистон баргашта дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва Душанбе анҷом додаанд. Тақрибан 70 дарсади мусоҳибони онҳо гуфтаанд, маҳз пули фиристодаашон манбаи асосии даромади оила аст, чун аз ҷойи дигар барои сарфу харҷи рӯзгор пул намеёбанд.

Барои ҳамин, бисёре аз муҳоҷирон ё 61 дарсади онҳо ҳар моҳ ба хона пул мефиристодаанд, то зану фарзандон ё волидон бепул намонанд. Тақрибан 20 дарсади дигари муҳоҷирон моҳе ду бор ва 17 дарсади дигарашон вобаста аз шароит ба Тоҷикистон пул ирсол мекардаанд.

Вобастагии назаррас аз интиқоли пули муҳоҷирон иқтисоди кишварро нисбат ба тағйирот дар бозори меҳнати кишварҳои қабулкунанда ва сиёсати муҳоҷиратии онҳо осебпазир мегардонад.

Пулҳои фиристодаи онҳо дар хона пештар аз ҳама барои қонеъ кардани ниёзҳои аввалияи рӯзгор харҷ мешудааст, чун муҳоҷирони бозгашта гуфтаанд, ки 98 дарсади пули онҳоро аҳли оила барои ғизо, либос ва хона сарф мекардаанд.

Муҳаммадназар Ғоибназарзода, иқтисодшиноси тоҷик, ки бозори кору муҳоҷиратро таҳқиқ кардааст, қаблан дар як пажӯҳише гуфтааст: “Маблағҳои ба кишвар интиқолдодаи муҳоҷирон ба афзоиши даромади хонаводаҳо ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунанд."

Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, "вобастагии назаррас аз интиқоли пули муҳоҷирон иқтисоди кишварро нисбат ба тағйирот дар бозори меҳнати кишварҳои қабулкунанда ва сиёсати муҳоҷиратии онҳо осебпазир мегардонад.”

Бекорӣ ё норасоии ҷойи кор як мушкили ҷиддӣ ва асосии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ солона садҳо ҳазор нафар ба сабаби набуди кору музди муносиб ба Русия ва кишварҳои дигари ҷаҳон ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир на шумораи муҳоҷирони кориро мегӯянд ва на пули фиристодаи онҳоро.

Иқтисоди Тоҷикистон аз назари пойбандӣ ба пули муҳоҷирони корӣ дар ҷаҳон дар яке аз мақомҳои аввал аст. Бар асоси арзёбиҳои Бонки Ҷаҳонӣ, ҳиссаи пули муҳоҷирон дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон соли 2025 то 57 дарсадро ташкил медод.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ба мо чӣ даркор?" Эътирози вакили мардумии Русия нисбат ба тоҷикон

Як коршиноси мустақили Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал моҳи августи имсол ва баъди боздид аз Тоҷикистон гуфта буд, ҳарчанд иқтисоди кишвар рӯ ба рушд аст, ҳамоно аз муҳоҷирати корӣ ва пули фиристодаи шаҳрвандон аз хориҷа вобаста аст.

Аттия Ворис гуфт, пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба беҳтар шудани зиндагии мардум ва коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон кумак кардааст, аммо ба қавли ӯ, “пулҳои интиқолӣ наметавонанд ҷойҳои кории муносиб, кофӣ ва самарбахшро дар дохили кишвар иваз кунанд.”

Биноан, ин коршиноси Созмони Милал пешниҳод карда буд, ки ҳукумати Тоҷикистон талоши худро ба рушди кишоварзӣ, коркарди маводи ғизоӣ, сайёҳӣ, захираҳои маъдан ва иқтисоди рақамӣ дар кишвар равона кунад, то мардум зиндагии хубу шоиста дошта бошанд.