Тазоҳурот ба ҳимоят аз занон дар Исфаҳону Теҳрон

Акс аз тазоҳурот дар Теҳрон

Рӯзи 22 октябр дар Теҳрон ва Исфаҳони Эрон алайҳи ҳамлаҳо бо кислота ба занону духтарони, ба қавле "бадҳиҷоб" раҳпаймоиҳои эътирозӣ доир шудааст.

Садҳо нафар рӯзи 22 октябр дар шаҳрҳои Теҳрон ва Исфаҳони Эрон ба нишони эътироз аз пошидани тезоб ва ё кислота ба рӯи занон тазоҳурот карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, садҳо нафар дар назди порлумони Эрон дар шаҳри Теҳрон ва садҳо тани дигар дар назди вазорати адлия дар Исфаҳон ҷамъ омаданд. Ҳамлаҳо бо тезоб ба занон дар ҳамин шаҳр сурат гирифтааст.

Тазоҳургарон талаб доштанд, ки мақомоти Эрон амнияти занонро таъмин кунанд ва шиор медоданд, ки кислотапошӣ ҷиноят аст. Муовини шаҳрдори Исфаҳон тазоҳуротро ғайриқонунӣ хондааст ва маъмурони зиёди пулис дар маҳалли тазоҳурот ҳузур доштаанд.

Баъзе аз занону духтарони мавриди ҳамла қароргирифта ва ҳамчунин Насрин Сутуда, Муҳаммад Нуризод, Наргис Муҳаммадӣ, аз ҳомиёни фаъоли ҳуқуқ дар тазоҳурот ширкат карданд. Бино ба гузоришҳо, маъмурони пулис Муҳаммад Нуризодро дастгир кардаанд.

Пулиси Эрон чаҳор нафарро бо иттиҳоми пошидани тезоб ба занон дар Исфаҳон боздошт кардааст. Дар маҷмӯъ дар ин шаҳр 4 ҳодисаи кислотапошӣ сабт шудааст.

Дар бораи тазоҳурот дар Исфаҳону Теҳрон сӯҳбате доштем бо Фарҳод Нерӯманд, хабарнигори Радиои Фардо ва нахуст дар бораи вусъати тазоҳурот пурсидем.

Тазоҳурот дар Теҳрон

Фарҳод Нерӯманд: “Дар тамосҳои телефоние, ки мо бо ширкаткунандагон дар тазоҳурот доштем, баъзе аз онҳо гуфтанд, ки дар Исфаҳон чандсад нафар дар тазоҳурот ширкат карданд ва як нафари дигар дар бораи ҳазорон нафар сухан мегуфт. Аммо дар Теҳрон ба мо гуфтанд, ки дар тазоҳурот ҳудуди 200 нафар ширкат карданд. Тазорҳургарон шиор медоданд, ки ба ҳамлаҳо бо кислота (тезоб) хотима дода шавад ва амнияти занонро таъмин кунанд.”

Озодӣ: Аммо бархӯрди мақомот бо ин тазоҳурот чӣ гуна будааст?

Фарҳод Нерӯманд: “Бо вуҷуди онки тазоҳурот мусолиматомезу ором будааст, аммо бар асоси гузоришҳое, ки мо дарёфт кардем, маъмурони амниятӣ баъдан мардумро бо калтакҳои резинӣ задаанд ва дар Исфаҳон ҳатто барои пароканда кардани тазоҳургарон гази ашковар ба кор бурдаанд. Дар Теҳрон 200 тазоҳургарро маъмурони пулис муҳосира кардаанд, то гурӯҳҳои мардуми дигар ба онҳо напайванданд. Яъне нерӯҳои интизомӣ саъй карданд, то тазоҳурот бузург нашавад.”

Озодӣ: Сабабҳои аслии эътирози мардум чӣ будааст, ҳамлаҳо бо тезоб ва ё чизи дигар?

Тазоҳурот дар Теҳрон

Фарҳод Нерӯманд: “Ҳам дар Теҳрон ва ҳам дар Исфаҳон шиори аслии тазоҳургарон бетаваҷҷӯҳӣ ва ё камтаваҷҷӯҳии намояндагони Маҷлиси Эрон ба ин масъала аст. Сӯҳбати тазоҳуркунандагон ин аст, ки вакилони мардумӣ дар бисёр масъалаҳои дигаре, ки ба ҳукумат иртибот дорад, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ё масоили динӣ хеле эътироз мекунанд, таҳқиқ мекунанд ва хеле зуд эълон мекунанд, ки мо гунаҳкоронро боздошт кардем, вале дар мавриди ҳамлаҳо бо кислота чанд ҳафта аст, ки мегузарад, вале мо ҳеҷ сӯҳбате дар ин бора аз маҷлис нашунидем.”

Озодӣ: Дар воқеъ то кунун мақомот барои таҳқиқи ин қазия чӣ корҳое кардаанд ва ин гуфта низ ҳаст, ки гӯё масъалаи ҳамларо мехоҳанд, аз масъалаи пушидани “ҳиҷоби номуносиб” ҷудо кунанд?

Фарҳод Нерӯманд: “Ин масъалаест, ки рӯи он бисёр баҳс мекунанд ва гузориш шуд, ки як нафар аз ҳамлаваронро гирифтанд ва ӯ эътироф кардааст, ки барои пӯшидани ҳиҷоби номуносиб ин корро кардаанд. Рӯзномаҳои мухталиф ҳам навиштанд, ки ҳамла бо кислота ба занон барои пӯшидани номуносиби ҳиҷоб будааст, вале Мӯҳсин Эҷеӣ, сухангӯи вазорати адлия дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки иртиботи кислотапошиҳо бо пӯшидани ҳиҷоби бад таъйид нашудааст. Яъне мақомот саъй мекунанд, ки нишон диҳанд, ҳамлаҳо ба пӯшидани ҳиҷоб робита надорад. “