Субҳи рӯзи ҷумъа дар як тирпарронӣ бо полис дар минтақаи Вотертавн (Watertown)-и канори шаҳри Бостон Темурлани 26-сола ба қатл расид. Ҷавҳари 19-сола бошад, мавриди ҷустуҷӯи густардаи полис қарор гирифтааст.
Тарҷумаи ҳоли ин ду ҷавон мушаххас нашудааст, вале бар пояи гузоришҳои расонаҳо мусоҳибаҳои наздикони онҳо дар Русия ва ИМА ва ҳамчунон фаъолиятҳои ду бародар дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки бародарон Темурлан ва Ҷавҳар Тсарнаевҳо дар Қирғизистон ба дунё омада, сипас муддате дар ҷумҳурии Доғистони Русия ҳам иқомат доштаанд.
Аммо тахминан даҳ сол пеш Тсарнаевҳо онҳо ба ИМА ҳиҷрат намудаанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вазорати корҳои дохилии Қирғизистон тасдиқ кард, ки Темурлан ва Ҷавҳар Тсарнаевҳо дар ҳамин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба дунё омадаанд.
Руслан Тсарнӣ, ки худро амаки онҳо меномад, дар сӯҳбат бо расонаҳои амрикоӣ гуфтааст, ки Темурлан ва Ҷавҳар даҳ сол пеш ба Амрико кӯчиданд, вале қабл аз он каме дар Қафқози шимолӣ ба сар бурдаанд.
Мактаби Ҷавҳар ва Темурлан Тсарнаевҳо дар Махачқалъа
Дар байни солҳои 2002-2004-ум бародарон ба ИМА кӯч бастаанд. Баъди чанде Ҷавҳар ба мактаби Cambridge Rindge and Latin School номнавис шуда, 2500 доллар бурс ё худ стипендияи таҳсилро ба даст овард. Соли 2011-ум Ҷавҳар мақоми беҳтарин гӯштигири ин мактабро касб кардааст.
Феълан Ҷавҳар донишҷӯи Донишгоҳи Массачусетс-Дармут (University of Massachusetts-Dartmouth) мебошад.
Бародари Ҷавҳар-Темурлан ба бокс ё худ муштзанӣ шавқ дошта, соли 2009-ум дар як мусобиқа дар аёлати Юта қуваозмоӣ намудааст.
Темурлан дар зери яке аз аксҳояш навиштааст, ки то замони соҳибистиқлол шудани Чеченистон на аз номи Русия, балки аз номи ИМА қуваозмоӣ хоҳад кард.