"Мушкил дар ҳукумат аст." Посухи милисаи собиқ ба дархости Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлил аз Рӯзи милиса (милитсия) дар Тоҷикистон. Душанбе, 10-уми ноябри 2026

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дигарбора аз кормандони милиса дар кишвар хостааст, ки бо мардум хушмуомила бошанд.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар Рӯзи милиса, ки ҳар сол 10-уми ноябр таҷлил мешавад, ба роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ ва идораҳои тобеи он дастур додааст, "барои баланд бардоштани донишу малака, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва одобу фарҳанги муносибат бо шаҳрвандон тадбирҳои доимӣ андешанд."

Шикояти мардум дар Тоҷикистон аз муомила ва рафтори милиса зиёд аст ва то ҳадде, ки дар кишвар масали “корат ҳеч гоҳ ба милиса наафтад” сари забонҳост.

Моҳи марти имсол, баъд аз нашри як видеои даъвову кашмакаши маъмурони милиса бо иддае аз ронандагон ва дашномҳои зишт ба ҳамдигар дар ноҳияи Мастчоҳ, раисҷумҳури Тоҷикистон раҳбарони додгоҳ, додситонӣ ва милисаи ноҳияро барканор кард.

Ҳамчунин шикоят аз бадрафтории маъмурони милиса ва тамаъҷӯии нозирони роҳ дар Тоҷикистон ҳамеша вуҷуд дорад, ҳарчанд Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, касе, ки аз салоҳиятҳои хидматии худ фаротар меравад, ҷазо мегирад.

Шаш сол пеш ҳам як полковник ё сарҳанги милисаро барои бадрафторӣ бо ҳамкораш аз кор ронданд. Дар моҷарои ин афсар бо нозири роҳ, ки видеои он васеъ паҳн шуд, ӯ ҳамкори худро дар ду дақиқа бештар аз 40 бор дашном дод ва он ҳам дашном ба унвони модару хоҳару дигар аъзои хонавода.

Инро ҳам бинед:

"Ду кас афв шуд." Ҳукми чанд милисаи муттаҳам ба марги як сокини Кӯлоб

Иззатулло Дадобоев, муфаттиши собиқ, ки 10 сол дар идораҳои милисаи Душанбе кор кардааст ва ҳоло дар яке аз кишварҳои аврупоист, мегӯяд, “фақат гунаҳкор донистани кормандони одии милиса дуруст нест”.

“Мушкил дар мақомоти болоӣ ва худи ҳукумат аст, ки муомилаи дуруст бо кормандони милиса надоранд,” – гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Иззатулло Дадобоев

Дадобоев афзуд: "Амнияти дохилиро дар Тоҷикистон асосан милиса таъмин мекунад. Тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо маоши хубу басанда ва ҷойи хуб таъмин кунанд, ҳамин чиз аз байн меравад, хуб мешавад. Ҳукумат махсус мақомоти қудратиро бо ҳамин маоши каму шароит номусоид нигоҳ медорад, то ба мардум зулм кунанд."

Иззатулло Дадобоев ҳамчунин гуфт, дар Тоҷикистон ба вазъи равонии маъмурони милиса беэътиноӣ мекунанд, ки сабаби бадрафторӣ ва муомилаи номуносиби онҳо бо мардуми одӣ мешавад.

"Аз ҳисоби он ки маош басанда нест, дар ҳолати стресс қарор доранд. Агар бо давлатҳои дигар муқоиса кунем, пеш аз шурӯи кор бо фанновариҳои нав месанҷанд ва баъд либоси низомияшро медиҳанд. Яъне равоншиносон ҳамроҳаш кор мекунанд. Агар дар хона мушкиле дошта бошад, ҳамон рӯз намемонанд, ки ба кор барояд," – илова кард ӯ.

Як таҳқиқи афкори умум дар Тоҷикистон дар соли 2025 нишон додааст, ки мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар Вазорати корҳои дохилӣ, идораҳои Вазорати мудофиа, додгоҳҳо ва додситонӣ бештар ба фасоду ришвахорӣ ва тамаъҷӯӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Вазорати корҳои дохилӣ қаблан бо нашри огоҳие аз шаҳрвандон хоста буд, ки аз "амалҳои коррупсионӣ" ё "ҳаракатҳои дигари ғайриқонунии кормандони милиса" ба телефони боварии ин ниҳод занг зананд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Милисаҳоро бо маоши хуб таъмин кунанд"