Асомуддин Раҷабов, як узви собиқи нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилӣ ва ё ОМОН-и Тоҷикистон мегӯяд, падари 80- солаи нобинояшро кормандони милисаи ноҳияи Сарбанд даъват карда аз ӯ хостаанд, писарашро баргардонад.
Асомуддин Раҷабов гуфт, ба ҳеч ваҷҳ ба Тоҷикистон баргаштанӣ нест, зеро ӯро беасос ба «тундгароӣ» гумонбар медонанд ва таҳти пайгард қарор додаанд.
Ӯ рӯзи 8-уми сентябр дар шаҳри Ереван ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони милиса ҳафтаи гузашта падару бародарашро ба идораи худ даъват карда ва ба онҳо гуфтаанд, ки Асомуддин афв шудааст, таҳти таъқиб қарор надорад ва ба ӯ бирасонед, ки баргардад.
Асомуддин Раҷабов афзуд: «Онҳо ҳеч санаде, ё коғазе ба падарам нишон надодаанд, ки воқеан ман афв шудаам, ё не ва агар афв шуда бошам, чаро маро ҷустуҷӯ доранд? Ман ба ин гапҳо бовар надорам. Ин бори сеюм аст, ки падари пирамро азият медиҳанд. Ман рақами телефонамро ба волидонам додам, ки ба кормандони мақомот расонанд ва худам бо онҳо фаҳмонам, ки қасди бозагашт надорам.» Мақомоти интизомии Тоҷикистон иддаои корманди собиқи худро шарҳ надодаанд.
Асомуддин Раҷабови 46-сола аз соли 2009 то соли 2012 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хидмат кардааст. Ба қавли худаш, ӯ дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон ҳам ширкат доштааст ва баъди дидани саҳнаҳои ваҳшатнок аз дастаи ОМОН берун шуда, барои идомаи зиндагӣ ба Русия рафтааст.
Баъд аз муддате ба Туркия ва аз онҷо ба Гурҷистон рафтааст. Дар ҷараёни тазоҳуроти мардум ва амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар моҳи майи соли 2022 дар Вилояти Бадахшон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Ӯро баъд аз он ба ифротгароӣ гумонбар дониста ба зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз карданд, ки дар сӯҳбатҳои онлайнӣ бо мухолифони давлат дар хориҷ, ба танқиди амалкардҳои ҳукумати Тоҷикистон пардохт.
Номи Асомуддин Раҷабов замоне дар саҳифаҳои матбуот мунташир шуд, ки рӯзи 23-юми март вақти сафар аз Гурҷистон ба Арманистон дар марз бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуд. Ӯро пас аз як рӯз аз боздоштгоҳ раҳо карданд ва айни замон дар Арманистон зиндагӣ мекунад.
Вакили мудофеъ Ани Чатинян аз созмони Helsinki Citizens' Assembly–Vanadzor гуфт: "Умед дорем, ки Арманистон ӯро ба Тоҷикистон таслим нахоҳад кард." Асомуддин Раҷабов мегӯяд, ҳоло санадҳо омода дорад, то аз Арманистон ба кишвари сеюм биравад.
Гуфтугӯ