Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба Душанбе додааст

Кормандони пулиси Арманистон дар як фурудгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Кормандони пулиси Арманистон дар як фурудгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Арманистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки яке моҳи августи соли 2025 ва дигаре моҳи феврали имсол дастгир шуда буд, ба Душанбе супурдааст.

Мақомоти Тоҷикистон онҳоро ба “зархаридӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” ва “қочоқи маводи мухаддир” гумонзад кардаанд, аммо наздиконашон намепазиранд.

Се манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми апрел гуфтанд, ки “ин шаҳрвандони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо роҳи заминӣ ба Душанбе фиристода шуданд”.

Пештар Арманистон кӯшиш карда буд, онҳоро бо ҳавопаймо фиристад, вале муноқишаи боздоштшудаҳо бо намояндагони расмии Тоҷикистон дар фурудгоҳ сабаби ба таъхир уфтодани ин ҳолат гаштааст.

Вакилони Маркази ҳуқуқӣ дар Ереван моҳи марти имсол гуфта буданд, ки дар бораи сарнавишти ин ду нафар хабар надоранд ва аз эҳтимоли фиристода шуданашон ба Душанбе нигаронанд, “чун азияту шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ хоҳанд шуд”.

Радиои Озодӣ то ҳол номи яке аз онҳоро маълум кардааст. Муҳаммад Нуралиев зодаи ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ буда, дар пойтахти Тоҷикистон мезист.

Яке аз пайвандони ӯ дар хориҷи Тоҷикистон бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, “вайро дар Боздоштгоҳи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар Душанбе нигоҳ медоранд. Пайвандонаш аз оварда шудани ӯ хабар доранд, вале то ҳол надидаанд.”

Талошҳои мо барои дарёфти шарҳи мақомоти умури дохилии Тоҷикистон натиҷае надод.

Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки солҳои охир бо сабабҳои гуногун кишварро тарк кардаанд, дар Гурҷистон ҷойгир мешаванд. Ба онҳо танҳо як сол иҷозат дода мешавад, ки дар ин кишвар бимонанд ва аз ин рӯ барои тамдиди будубош ночор ба кишвари дигар мераванд. Онҳо аксар вақт Арманистонро интихоб мекунанд.

Дар як соли охир панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Арманистон боздошт шуда, ду нафар ба Душанбе фиристода ва се нафар раҳо карда шудаанд.

Бобосӯфӣ Рауфӣ, писари Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигор ва аз мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, дар оғози соли 2026 дар Арманистон дастгир ва бо ёрии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ озод гашт.

Исмоил Холов, узви "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар кишвар мамнуъст, моҳи августи соли 2025 аз сӯйи марзбонҳои Арманистон дастгир ва баъди тақрибан як ҳафта раҳо шуд.

Мақомоти Арманистон дар охири моҳи март шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон Асомуддин Раҷабовро, ки бо дархости Душанбе дар марзи ин кишвар дастгир шуда буд, раҳо карданд. Вай аз Гурҷистон меомад.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG