Пайомадҳои як моҳи ҷанг дар Эрон ва таъсираш ба Ховари Миёна

Мардони фаластинӣ дар назди боқимондаҳои мушаки партобшуда аз Эрон, дар Каронаи Ғарбӣ. 24 март.

Гуруҳи наҷотдиҳандагон дар маҳалли зарба ба як бинои истиқоматӣ дар Теҳрон. 23 март.

Лавҳае дар маркази Теҳрон ба ёди аъзои кишти ҷанги эронии IRIS Dena, ки 4 март дар уқёнуси Ҳинд аз ҷониби нерӯҳои баҳрии ИМА ғарқ карда шуд.

Акси Ҳасан Насруллоҳ, роҳбари пешини "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар маҳаллае дар ҷануби Бейрут, ки ҳадафи ҳамлаҳои Исроил қарор гирифтааст. Ҳасан Насруллоҳ соли 2024 дар пайи бомборони артиши Исроил кушта шуда буд.


Соҳиби паноҳгоҳи ҳайвоноти беҷошуда дар ҷанубии Бейрут бо гурбаҳои наҷотёфтааш. Дар як моҳи ахир даргирӣ миёни “Ҳизбуллоҳ” ва Исроил шиддат гирифтааст.


Наҷотдиҳандагон дар як маҳаллаи Тел-Авив, ки ҳадафи ҳамлаи мушакҳои Эрон қарор гирифтааст. 24 март.

Наҷотдиҳандагон дар Тел-Авив зарари расида ба як маҳалла дар маркази Исроилро арзёбӣ мекунанд. 24 март.

Сокинони Теҳрон аз назди акси кӯдаконе мегузаранд, ки дар ҷараёни даргирии Амрико ва Исроил бо Эрон кушта шуданд


Артиши Исроил рӯзи 22 март пулеро дар ҷануби Лубнон нобуд кард, ки ба гуфтаи мақомоти исроилӣ аз сӯи “Ҳизбуллоҳ” истифода мешуд.

Ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон ҳафтаи чорум аст, ки идома дорад. Таъсири ин ҷанги идомадор берун аз минтақаи Ховари Миёна ҳам дида мешавад.