Пашинян ғалабаи ҳизбашро эълон кард. Аҳзоби тарафдори Русия дуюм шудаанд

Никол Пашинян дар нишасти хабарии баъди интихобот

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон аз ғалабаи ҳизбаш дар интихоботи порлумонии рӯзи 7-уми июн хабар дод.

Пашинян дар нишасти хабарии баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот гуфт, "ин ғалабаи таърихӣ аст, ки бешубҳа устуворӣ ва рушди Арманистонро таъмин мекунад".

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин афзуд, пас аз интихобот Ереван сиёсати хориҷии мутавозинро пеш хоҳад бурд ва афзуд, ки "дар бораи интихоб миёни Русия ва Ғарб ҳатто сухан ҳам рафта наметавонад".

Кадом ҳизб чӣ қадар овоз гирифт?

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳизби "Паймони шаҳрванди"-и Никол Пашинян ҳудуди 50 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст, ки зиёдтар аз натиҷаҳои пурсишҳои афкори умум аст.

Комиссияи марказии интихоботи Арманистон баъди ҳисоби 91 дарсади баргаҳои раъй хабар дод, ки ҳизби "Паймони шаҳрвандӣ" 50,1, эътилофи рӯ ба Русияи "Арманистони пурқувват" 23,4 ва эътилофи "Арманистон" 9,8 дарсади овозҳоро гирифтаанд.

Бар асоси натиҷаҳои аввалия, ҳизби Пашинян аз 105 курсии порлумон 61-63 курсиро ба даст меорад ва аксариятро соҳиб хоҳад шуд. Албатта агар натиҷаҳои интихобот то ҳисоби охирин баргаи раъй сахт тағйир накунад. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот 14-уми июн эълон мешаванд.

Тибқи омори Комиссияи марказии интихобот, 2,5 миллион шаҳрванди ҳаққи раъй сабти ном шудаанд ва 59 дарсади онҳо овоз доданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Интихоботи сарнавиштсоз дар Арманистон. Рафтан ба Ғарб ё мондан бо Русия?

Дар интихобот 18 нерӯи сиёсӣ, аз ҷумла 16 ҳизб ва ду эътилоф ширкат доранд. Ҳизби "Паймони шаҳрванди"-и нахуствазир Никол Пашинян, ҳизби "Арманистони пурқувват"-и соҳибкори наздик ба Русия Самвел Карапетян ва ҳамчунин эътилофи "Арманистон"-и президенти собиқ Роберт Качерян аз неруҳои асосӣ дар интихобот ҳастанд.

Қонуншиканӣ дар интихобот

Қариб 400 нозир аз дохил ва хориҷи кишвар ҷараёни овоздиҳиро назорат кардаанд.

Ба гузориши хабарнигорони бахши армании Радиои Озодӣ, комиссияҳои интихоботӣ ва нозирон чандин ҳолати қонуншиканиро дар ҷараёни овоздиҳӣ сабт кардаанд.

Идораи мубориза бо фасоди Арманистон хабар дод, ки дар пайванд ба нақзи қонуни интихобот 33 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Пештар Вазорати корҳои дохилии Арманистон аз оғози таҳқиқи ҳолатҳои овоздиҳии дубора ва раъйдиҳии пинҳонӣ хабар дода буд.

Гуруҳи нозирони Independent Observer низ аз мушкилӣ дар чанд нуқтаи овоздиҳӣ гузориш додааст.

Соҳибкори наздик ба Русия Самвел Карапетян ва роҳбари ҳизби "Арманистони пурқувват"

Робитаи Ереван бо Маскав аз мавзуъҳои калидии пеш аз интихобот дар Арманистон буд. Дар пасманзари талошҳои Ереван барои наздик шудан ба Ғарб ва мизбонӣ аз роҳбарони Аврупо, аз ҷумла президенти Украина, Русия воридоти маҳсулоти Арманистонро маҳдуд кард.

Дар остонаи интихобот, ҳамчунин шаш номзади ҳизби рӯ ба Русияи "Арманистони пурқувват" боздошт шуданд. Сабаби боздошти онҳо эълон нашуд.

Маскав аз наздикшавии Арманистон бо Иттиҳоди Аврупо норозӣ аст. Ереван бошад Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро ба иҷро накардани уҳдададориаш дар давраи ҷанги Қарабоғи Куҳӣ дар соли 2023 муттаҳам мекунад. Он вақт Озарбойҷон назорат бар ин минтақаро дубора ба даст гирифта буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар интихоботи Арманистон ҳизби ҳоким пирӯз шуд