Рӯзи 7-уми июн дар Арманистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад, ки ба қавли бисёриҳо сарнавиштсоз хоҳад буд. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян саъй дорад, бо ҳадафи узвияти кишвараш дар Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳоро бо ин созмон густариш диҳад.
Маскав бо ишора ба увзияти Арманистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ин кӯшишҳоро ғайри қобили қабул шумурда, ба Ереван машварат додааст, ки узвияти ҳамзамон дар ду созмони ёдшуда имкон надорад.
Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ба Арманистон ҳушдор додаанд, ки агар Ереван кӯшиши пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро бас накунад, узвияташ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро бозмедоранд.
Дар изҳороти раҳбарони ин кишварҳо, ки охири ҳафтаи гузашта дар Қазоқистон нашр шуд, таъкид гардидааст, ки омодагиҳои Арманистон ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо "амнияти иқтисодӣ"-и аъзои дигари Иттиҳоди АвруОсиёро таҳдид мекунад. Дар ин санад аз Арманистон тақозо шудааст, ки ҳарчӣ зудтар "назархоҳии умумӣ" доир намуда, интихоб кунад, ки бо Иттиҳоди АвруОсиё аст ё Иттиҳоди Аврупо?
Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар остонаи нишасти Қазоқистон гуфт: “Кишварҳои ғарбӣ зидди Русия ҷанги ниёбатӣ ё худ гибридӣ эълон намуда, расман иброз доштаанд, ки ҳадафи онҳо шикасти стратегии Русия аст. Пас, Арманистон бо кӣ санадҳои стратегии худро имзо мекунад? Бо онҳое, ки мехоҳанд ба Иттиҳоди АвруОсиёи мо зиён расонанд?"
Сарвазири Арманиcтон Никол Пашинян ба нишасти Қазоқистон ба ҷойи худ муовинаш Мҳер Григорянро фиристод. Дипломатҳо ин иқдомро ҳамчун бойкот арзёбӣ намуданд. Пашинян таъкид кард, ки бо вазифаҳои дохилӣ ва маъракаи интихоботи порлумонии 7-уми июн банд аст.
Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои давлатии Русия воридоти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидор, мева ва машруботи Арманистонро манъ карданд. Собиқ дипломати қазоқ Жарас Ормантай бар ин назар аст, ки монеагузориву фишорҳои Маскав метавонад натиҷаи баръакс диҳад.
Ӯ афзуд, феълан Кремл болои Арманистон нуфузи бузурги сиёсиву иқтисодӣ дошта, имкон дорад, ки Ереванро дар мақоми ҳозирааш нигаҳ дорад. Аммо агар кӯшишҳои Маскав ноком гарданд, мақому манзалати Русияро дар чорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барҳам мезанад.
Талошҳои фирори Ереван аз зери назари Маскав замоне сурат мегирад, ки сарвазир Пашинян аз пуштибонии президенти Амрико Доналд Трамп низ бархӯрдор аст.
Ҳафтаи гузашта баъд аз сафари котиби давлатии Амрико Марко Рубио ба Арманистон, Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки дар интихоботи порлумонии Арманистон аз номзадии Пашинян дастгирӣ мекунад.